КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҳамоиши навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии “Назорати андоз” доир гардид.
Масъулин дар ҷамъомад оид ба пайдо намудани манбаъҳои нави андозбандӣ ва иҷрои босифати қисми даромади буҷаи ноҳия, роҳҳои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, сари вақт ва пурра иҷро намудани андози ноҳия суханронӣ карданд.
Инчунин, дар идома дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро дар бар мегирад ва дарки ҷомеа расонидани он зарур аст,баррасӣ карда шуданд.