БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҲАМА ДАР ОБОДОНИИ ВАТАН МАСЪУЛЕМ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қабодиён бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҳизб,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти он ва роҳандозии қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии “Фароғат” дар мавзӯъи “Дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар бунёди  ҷомеаи шаҳрвандӣ”  вохӯрӣ доир намуд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб зимни  суҳбат қайд намуданд, ки ҷавононро дар руҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ тарбия намуда, ҳисси  масъулиятнокии ҳимояи марзу буми Ватан, риояи бечунучарои қонунгузориро бедор намуд. Дар ҳолати дарки масъулияти  баланд ҳар як шахс  метавонад  дар ҷомеа   саҳми арзандаи хешро гузорад.

Ҳамчунин, дар ин раванд аз иштирокчиён даъват даъват ба амал оварда шуд, ки барои амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати  сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар самти  ободонии маҳал саҳмгузор бошанд.     

Инчунин, дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо саволу ҷавобҳои саҳеҳ  вохӯрӣ анҷом ёфт.

Дар доираи Аксияи  ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и деҳа аз таъмири хушсифати капиталӣ бароварда шуда, синфхонаҳо бо мизу курсиҳои дарсӣ  таъмин гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg