БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДИ МО ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ НАСЛИ НАВРАС АСТ!

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Чанде қабл бо мақсади роҳандозии ҳадафҳои асосии Барномаву Оинномаи ҲХДТ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ оид ба рушди соҳаи маориф, ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ташкилоти ибтидоии «Тоҳириён»-и деҳаи Санҷитаки Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон  вохӯрӣ баргузор гардид.

Аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар самти рӯ овардани мардум ва падару модарон ба мактаб, назорати дурусти сару либоси хонандагон, дар таътили тобистона рӯ овардани хонандагон ба китобхонӣ, иштироки падару модарон дар дарсҳои омӯзгорон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва атрофи сиёсати маорифпарваронаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ба Ватан баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз зиндонҳои давлати Ироқ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, риояи фарҳанги миллӣ  андешаронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg