БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИФТИХОРИ МО- БАЛАНД ГАРДИДАНИ МАҚОМИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  бо мақсади анҷом додани суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб дар ташкилоти ибтидоии кӯчаи “Шарқ”-и ҷамоати шаҳраки Данғара вохӯрӣ баргузор намуд.

Зимни ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримзода Пирмуҳаммад оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, амалигардии ҳадафҳои созандаи он, моҳияти эълон гардидани солҳои 2019-2021 – “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, рафти корҳои ободониву созандагӣ ва зебогардонӣ дар кӯча, деҳаву маҳалаҳо дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ,  ифротгароӣ ва терроризми байналмилалӣ, коррупсия, гармшавии иқлим ва экология, дастовардҳои ҷавонону варзишгарон дар озмун ва мусобиқаҳои байналмилалӣ, баланд гардидани мақоми байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки  мақому манзалати Тоҷикистон рӯз то рӯз  дар  ҷаҳон боло рафта,  Ватани маҳбубамон рӯ  ба  пешрафтаву  тараққиёт  овардааст. Ин ҳама бевосита бо   кӯшишу талошҳои Роҳбари давлат ба даст омада,ҳар яки моро зарур аст, ба қадри заҳмату меҳнати  Пешвои миллат, обу хоки муқаддаси сарзамини аҷдодамон расем ва бештар рӯ ба  корҳои ободониву созандагӣ  орем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg