БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ДЕҲОТ ИҚДОМҲОИ НЕКУ ВАТАНДӮСТОНА РӮЗ ТО РӮЗ ЗИЁД АНҶОМ ДОДА МЕШАВАД!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва  қисмати амалии Аксияи ӽизбӣ таӽти унвони «Якҷоя ӽал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии ҷамоат деӽоти “Абуабдуллоӽи Рȳдакӣ”  вохȳрӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ ширкат дошта,  оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ватандȳстию хештаншиносӣ, саӽмгузорӣ дар корӽои ободонӣ, омодагиӽои ӽамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуданд.

Баъдан Аксияи тарғиботӣ-амалии ӽизбӣ таӽти унвони «Якҷоя ӽал мекунем!» роӽандозӣ гардида, аз ӽисоби соӽибкори маӽаллӣ Абдулӽаев Искандар ва бо ӽашари иштирокдорон дар кȳчаӽои ташкилоти ибтидоӣ оби нȳшокӣ  гузаронида шуд, ки аз ин иқдоми ватандӯстона сокинон  сарфароз буда,  ташаббусҳои некро давоми ғамхориҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  арзёбӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg