БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД, ДАР РУШДИ БОСУБОТИ ДАВЛАТ ВА ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ САҲМГУЗОР БОШЕМ!

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи баргузории хонишҳои сиёсӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар ташкилоти ибтидоии «Идораи коммуналӣ» вохӯрӣ гузаронида  шуд.

Дар суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Мирзозода Исуф доир ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, амалӣ ва дастгирӣ  намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, рушди босуботи давлат ва ҳифзи муҳити зист суханронӣ намуда, қайд кард, ки моро зарур аст аз тамоми имкониятҳо ба таври васеъ истифода намуда, дар рушду нумуи кишвар  саҳмгузор бошем.

Ҳамчунин, дар охир аз кормандон даъват ба амал оварда шуд, ки  қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»- ро дар амал татбиқ карда, он маблағҳое, ки дар тӯю маъракаҳо сарф мекунанд, дар обод кардани гӯшае, манзили  истиқоматӣ ва шароити мусоид  барои  таҳсили фарзандон хароҷот кунанд.

Пешниҳоди судмандро сокинон қобили  қабул дониста, андешаҳои хешро   дар ин хусус баён доштанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg