БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БИЁЕД, БАРОИ МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА БАРЗИДДИ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

ин навбат вохӯрии худро дар ташкилоти ибтидоии “Корхонаи давлатии фаръи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” баргузор намуданд.

Масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, муқовимат бо амалҳои коррупсионӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуда, аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки бар зидди чунин амалҳои номатлуб дар ҷомеаи имрӯза муборизаи дастаҷамъонаро тақозо менамояд. Моро месазад, ҷиҳати пешгирию муборизаи беамон бар зидди чунин амалҳои ношоиста бетараф набошем.

Баъдан чанде аз ҳузурдоштагон иброз доштанд, ки барои амнияти кул, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат саҳми босазо гузошта, баҳри зиндагии шоистаи хеш  талош хоҳанд варзид.

Дар охир  Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”   ба се нафар ниёзманди ҷомеа кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg