ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи №8” баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ дар бораи дастуру суплоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, аз ҷумла самтҳои афзалиятноки афзалиятноки фаъолити ҲХДТ сухан ронда, иштирокдоронро барои дар сатҳи баланд ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ваҳадафҳои созандаи ҳизб раҳнамоӣ карданд.
Вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” хонаи истиқоматии як нафар шахси ниёзманди ҷомеа аз нав таъмир карда шуд, ки аз ин иқдоми нек сокини деҳа сарфароз шуда, шукргузории хешро аз сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошт. Дар ин самт корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди ноҳия вусъати тоза дошта, сокинон ба руҳи баланду ифтихор аз Ватану ватандорӣ дар корҳои бунёдкорӣ саҳми назаррам гузошта истодаанд.