БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЁДАТИ БЕМОР БЕҲТАРИН ХИСЛАТИ ИНСОН АСТ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти  шаҳрвандӣ. Бо ташабуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ҷиҳати  тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии «Дармонгоҳ» вохӯрии судманди ҳизбӣ доир гардид.

Дар ҳамоиш масъулини ҲХДТ доир ба дастуру супоришҳои  мақомоти болоии ҲХДТ, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ пешгирии бемориҳои сироятӣ,  бештар ба роҳ мондани  корҳои фаҳмондадиҳӣ  дар байни аҳолӣ оид ба  пешгирии  бемориҳои  мавсимӣ дар фасли гармо, хизматрасонии  босифати тиббӣ, муоширати хуб бо беморон ва дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаҳои хешро баён доштанд.

Баъдан дар қисмати  амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  масъулин ба аёдати як нафар шахси маъюб, ки солиёни дароз аз пои равон мондаю бемори бистарӣ мебошад, рафта аз ҳолу аҳволи ин шахси ниёзманди ҷомеа хабардор шуда, ба ӯ кӯмаки яквақтаина расониданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg