БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ КИШВАР АЗ ҲАР ЯКИ МО ВОБАСТАГИИ КАЛОН ДОРАД!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.  Бо мақсади таъмини иҷрои нақша - чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии «А. Берунӣ» вохурии судманди ҳизбӣ доир гардид.

Дар вохурӣ Зайдуллоев Муҳамадҷон иштирок кард.  Мавсуф дар рафти суханронии хеш иброз намуд, ки:- Тамоюли вусъатёбии мубодилаи беҳадду марзи иттилоотӣ, рушди Интернет, коркарду пахши барномаю ахбор ва густариши алоқаи моҳворавӣ, имкониятҳои шабакаи телевизионӣ ва технологияи компютерӣ, чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст: - «Фосилаи фазою вақт ва макону замонро кутоҳ карда, чун қосиди ҷаҳонишавӣ ба мо аз бурду бохти иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг, техникаву технологияи муосир ва соири риштаҳои дигари фаъолияти башарият маълумот мерасонад». Чунин вазъият бешубҳа рақобати пурзурро дар байни расонаҳои хабари баҳри ба даст овардани фазои иттилооти ба миён овардааст.

Аз ин рӯ мо соҳибватанонро месазад, ки дар таъмини амнияти иттилоотии кишвари азизамон-Тоҷикистон саҳмгузор буда, ҷомеаро аз хатарҳои геополетикӣ эмин нигоҳ дорем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg