БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷомаи даридаю пӯсидаи наҳзатӣ дигар қобили дарбеҳ нест!

ВОКУНИШМуҳаммадиқболи Садриддин «шореҳи сиёсӣ»-и ҳизби наҳзати исломӣ  дар пасманзари баёни андешаи Орзу Ҳамидиён-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар мавриди чаласаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева оид ба ҳуқуқи инсон худу ҳаводоронашро хеле ноҳинчор эҳсос карда, бо таҳлили сарсарию бемантиқ ва дур аз ҳақиқат аз ҳизби наҳзати исломӣ  қаҳрамону муддаии сиёсат дар кишвар тарошидааст. ӯ ташкилоти террористӣ-экстримистии худашон “ҳизби наҳзати исломи”-ро то ҷое таърифу тавсиф кардааст, ки гӯё  нисфи аҳолии кишвар аз баста шудани фаъолияти он дар Тоҷикистон нигарону дар ҳоли эътирозанд. Хок бар сари таҳлилу  таҳлилгар!

   Мусаллам аст, ки ақидаи сиёсии аъзои Ҳизби Халқии Демократии Точикистон ва ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ  бо якдигар созгор нест. Зеро яке дар пайи  ободиву ободкорӣ ва дуюмӣ дар пайи вайронкорист. Ҳарчанд Муҳаммадиқболи Садриддин ҳамчун кайки зери пашм бо таҳлилҳои фармудашудаи падари маънавиаш Муҳиддин Кабирӣ бо ҳар роҳу восита суханҳои фаъолони ин ҳизби меҳвариро камранг нишон диҳад ҳам, вале ҳамоно аъмоли сиёҳу нангини содиркардаи аъзои ин ТЭТ ҲНИ, ки дар саҳифаҳои таърихи миллат доғи сиёҳ гузоштааст, орзӯҳои ин асолатбохтаҳоро ба хок яксон мекунад. Аз ин рӯ,  имрӯз фаъолони ҷомеаи мо дар тамоми шабакаҳою гурӯҳҳои иҷтимоӣ бар зидди ақидаҳои пӯчу бемаънии ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ мубориза мебаранд. Метавон бо боварӣ ёдовар шуд, ки дигар ҳеч гоҳ ҳизби наҳзат ба арсаи сиёсат дар Тоҷикистон бар намегардад ва  ин ҳақиқати  бебаҳс аст.

   Даъвои беасоси  Муҳаммадикболи Садриддин, ки ҳизби наҳзат ва ҳаводоронаш на 40-50 нафар, балки хеле зиёданд, ин як муборизаи идеологӣ ва таскин додани худу 3-4 нафар ҳаммаслакони ба худаш монанд ҳасту бас. Эҳсос мешавад, ки Муҳаммадиқболи Садриддин маърузаи якчанд рӯз навишташудаи касеро ҳамачониба хондаву ба қавле барои дар «Ютуб» гузоштан омода кардааст. Вагарна худи ӯ низ дар замони чанги шаҳрвандӣ ба ақидаи худаш «домонаш барзада» буд.

    Бале, ӯ насли имрӯзаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро аз насли нави фронти халқӣ маънидод мекунад. Мантиқаш дуруст аст. Зеро имрӯз аз ТТЭ ҲНИ насли наве чун Муҳаммадиқболу чанд Кабироваки дигар дар шабакаҳо фаъол аст, ки аз насли нави ТТЭ ҲНИ дарак медиҳад. Аммо фаромуш насозед, ки мо аз ҷонибдорони фронти халқӣ будему ҳастем! Ба мисли наҳзатиҳо аз хориҷа чангандаҳо (наёмник) наовардем, ки ҳаммиллатони худро сар занем! Нагуфтем, ки тири аз туфанг  файсал шуда ба синаи тарафи муқобил бидуни нишон гирифтан мерасад! Қатли дастаҷамъонаи аҳолӣ дар водии Вахш ба хотири ба ақидаи сиёсии наҳзатӣ носозгор будан аз ҷониби падари табиию  маънавии  Муҳаммадиқбол  буд на каси дигар!

    Муҳаммадиқболбаринҳо буданд, ки халқ ба истифодаи яроқ маҷбур шуд! Саҳеҳтар барои ҳифозат аз номуси миллату хонаводаи худ, барои ҳифзи якпорчагии Ватан аз идеологияи дурӯғини наҳзатӣ мардуми минтақаҳои гуногуни Точикистон ба даст яроқ гирифт. Чун дидед, ки кор бо таъби дилатон нашуд, думро тарафи Афғонистон хода  кардед!

    «Ҷаноби» Муҳаммадиқболи Садриддин ҳар як ҳукумати қонунӣ дар пайи манфиатҳои миллию давлатӣ кору пайкор мекунад. Дасти дӯстӣ дароз кардани ҳукумат барои расидан ба сулҳ дар асоси иродаи мардуми Тоҷикистон буд на тарафи дигари манфиатдор. Ба як қисми таркибии нерӯҳои опозитсионӣ, ки бо Ҳукумат сулҳ баста буданд, ҳаводорону размандагони наҳзатӣ моро миннатдор накунед! Чангандаҳои наҳзатӣ мачбур буданд, ки сулҳ кунанд. Зеро вазъи Афғонистон дар ҳамон шабу рӯз ба таъби дили онҳо набуд. Ба ақидаи кӯчагӣ падарони табиию маънавии наҳзатӣ танҳо ду роҳ доштанд. Ё сулҳ мекарданд, ё ки аз чониби нерӯҳои чирикии  афғон хунсо мешуданд.

   Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева оид ба вазъи ҳуқуқи инсон ҳисобот дод ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аз бофтаю сохтаҳои ҳизби наҳзати исломӣ як бори дигар огоҳии комил ёфтанд. Як  паёмади хубе, ки мардум аз он истиқбол кард, ин надодани минбар ба намояндаҳои ҳизби наҳзат  дар ин чаласа буд. Ҳодисаи мазкур  шарҳи дурӯғини қудратталабии ҳизби наҳзат буд, ки Муҳаммадиқболи Садриддину дигар нафарони «сарсупурдаи» ба ин ҳизби террористӣ содиқ  аз он дар ягон баромадашон ёд накарданду  намекунанд.

   Умуман, дар маҷмуъ ҷомаи даридаю пӯсидаи ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ дигар қобили дарбеҳ ва баргаштан  ҳамчун коло ба бозори сиёсӣ нест. Хизматҳои «шоистаи» ин ҳизб назди тамоми мардуми кишвар бармало маълум асту беҳудагӯиҳо дигар наметавонад барои ин ҳизб  роҳи бозгашт ба арсаи сиёсат дар кишвар бошад.

    Ба ибораи дигар симою лиқои назҳатӣ назди мардуми кишвар маълум асту баргаштани  ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ  ба сиёсат кори ношуданист. Ҳамчунин ақидаи сиёсии Орзу Ҳамидиён  на ба он гунае буд, ки  Муҳаммадиқболи Садриддин аз он ҳангома месохт! Ақидаи сиёсии  Орзу Ҳамидиён ақидаи сиёсии кулли мардум аст, ки аз рангу рӯи ношустаи ҳизби наҳзат безоранд. Як ҳизби террористиро бо Созмони  Милали Муттаҳид дар як сатҳ мондану  манфиатҳои шахсию гурӯҳиро тарғиб кардан  дигар наметавонад обрӯи рехтаро бардорад.

     Толибҷон Нзарзода,  

   раиси Кумитаи иҷроияи

 ҲХДТ дар н.Ш.Шохин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg