
ВОКУНИШ. Заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати ммиллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун як кишвари озоду демократӣ ва сулҳҷую сулҳпарвар мешиносанд. Вале мутаасифона бархе аз хоинони миллати тоҷик, ки имрӯз бо қавли хеш ҳамчун гурезаи сиёсӣ дар хориҷ аз кишвар худро намоянда ва дилсӯзи миллату давлат шуморида аз минбарҳои баланд бо дастгири хоҷагони хориҷиашон зидди миллату давлати худ санги маломат мезананд. Ин афрод аз даврони ба дастовардани истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз манфиатҳои шахсии хешро аз манфиатҳои давлат ва ҳукумат боло дида, барои ба даст овардани ҳокимият бо роҳи зурӣ, истифода аз яроқ, қатли бераҳмонаи инсонҳо ва ғайра кушиш мекарданд. Имрӯз ки миллати тоҷик аз ниятҳои нопоку ғаразноки онҳо хабардор шуд, мавқеи онҳо дар кишвар поён рафт дигар роҳе надоштан ба ҷуз назди хоҷагони хориҷиаашон рафтан. Бо вуҷуди ҳамаи он амалҳои ғаразноке, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ анҷом дода буданд, боз имрӯз васвоси шайтонҳои хориҷиашон онҳоро қарор намегузорад. Шабу рӯз дар шабакааҳои иҷтимои зидди миллату давлат ва сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат ҳар гуна туҳматҳои беасос, таҳқиру дашномҳо мефиристанд. Пайравони ин хоинони миллат, ки аксарашон ҳатто заррае аз дини ислом огаҳи надоранд, бо овардани ҳар гуна далелҳо аз дин мехоҳанд худро назди мардум, мардуме, ки онҳоро ҳамчун террористу экстремист ва хоин мшиносад дубора ширин намоянд. Вале фаромуш кардаанд, ки миллати сарбаланди тоҷик дубора ин душманони миллатро бовар намекунанд. Бадбахтии кор дарон аст, ки ин косалесони хоҷагони хориҷӣ пайваста дар баромадҳояшон аз дину мазҳаб Худову Расул сухан мегуянд. Вақте ба амалашон назар мекунем ҳатто заррае ба дин наздик нестанд. Дини мубини ислом мардумро ба суйи ваҳдату якдигарфаҳми даъват менамояд, аммо ин нимчамуллоҳои наҳзатӣ пайваста дар тамоми баромадҳояшон мардумро ба гирдиҳамоиву ҷангу хунрезӣ даъват менамоянд. Ҳоло он ки ҳизби ин нохалафон ҳизби наҳзати исоломӣ аст. Ин нохалафон ҳизби худро дуруст номгӯзоринакардаанд, агар дуруст номгузори кунем бояд ҳизби ин хоинон чунин номгузори карда шавад ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ШАЙТОНӢ. Дар баробари ҳамаи ин аз 2000 нафар ҷавонони тоҷик, ки фирефтаи гуруҳҳои ифротӣ шудаанд, зиёда аз 90 фоизашон дастпарварони ҳамин ҳизбӣ шайтонӣ мебошанд. Аксарияти ҷавононе, ки имрӯз дар ховари миёна дар кишварҳои Сурияву Ироқ меҷанганд ва ҳатто баъзеашон мубалиғони калидии ҳамин гуруҳи террористӣ ҳастанд то ба ин гуруҳҳо пайватшуданашон аъзоёни фаъол ва мубалиғони ҳамин ҳизби наҳзати шайтони буданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналхалқӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм бо давлатҳои хориҷӣ, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин бо ташкилотҳои байналхалқии бар зидди терроризм муборизабаранда, ҳамкорӣ менамояд. Имрӯз мо ҷавонони тоҷик низ зидди ҳама гуна зуҳуротҳои номатлуб аз қабили терроризму, эктремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар гуруҳҳои ифротӣ мубориза бурда амалҳои ваҳшиёнаю разилонаи онҳоро маҳкум менамоем.
Ғафурзода Фирдавс, мудири шуъбаи таблиғот,иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак