БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТРАСОНИИ БОНКИРО БА МИЗОҶОН ХУБТАР МЕНАМОЕМ

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии филиали № 17-и БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ноҳия маҷлиси  шашмоҳаи аввали соли 2019 ва вазифаҳои навбатӣ барои шашмоҳаи дуюми соли 2019 баргузор гардид.

Нахуст,  раиси ташкилот ибтидоии мазкур  С.Исматуллозода оид ба корҳои анҷомдодашуда дар шашмоҳаи якуми соли равон гузориш дод.

Сипас,  намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Х.Нозиров ба сухан баромада, оид ба нақши ҲХДТ дар таъмини сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ, истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастовардҳои меҳнатӣ, иштирок дар Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», боздиди ҳар як фард аз муассисаи таҳсилнамудаи худ андешаронӣ намуд.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти увнони «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби роҳбарияти бонки мазкур ба ду нафар собиқадорони соҳаи бонк, ки айни ҳол дар бистари бемориянд,  кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg