БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕДОР СОХТАНИ ТАФАККУРИ МАРДУМ НИСБАТИ ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Авранг» вохӯрӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъулин қайд намуданд, ки масъалаи терроризм ва экстремизм, шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию иртиҷоӣ имрӯз натанҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, балки ин масъала мушкилоти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз он иборат мебошад, ки  новобаста аз вазъи иҷтимоӣ ва мансаби ишғолнамудааш  дар бедор сохтани тафаккури  мардум, махсусан ҷавонон  нисбати ин хатарҳо  ва  зуҳуроти номатлуб, ки яке аз мушкилотҳои асосӣ мебошад, бетарафӣ зоҳир накунанд.

Инчунин, аз ҷониби иштирокдорон изҳор гардид, ки мо тамоми кӯшишу ғайрати худро ба равона месозем, ки фарзандонамон дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия карда, онҳоро аз мақсадҳои ғаразноки гурӯҳҳои ифротӣ пайваста огоҳ менамоем.

Зимни Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ташкилоти ибтидоии мазкур таъмир гардида, гирду атрофи он рангу бор шуда истодааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg