
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вобаста ба баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Кӯшониён дар нимаи дуюми соли 2019 ва амалӣ намудани Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқ” гузаронида шуд.
Дар маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдуллоев Мирвоҳид иштирок дошта, оид ба Паёми навбатӣ, баррасиии масъалаҳо доир ба вазъи ҷаҳони муосир, омодагии Тоҷикистон дар бораи ҷилавгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ баромад намуд.
Баъд аз ҳамоиш баҳри амалӣ намудани Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” – ро баргузор намуда, ба се нафар шахсони ниёзманди ҷомеа кӯмаки молиявӣ расонида шуд.