ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳояшон дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Гулистон”-и Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён дар мавзӯъи “Хатари терроризм ба ҷомеаи ҷаҳонӣ” вохӯрӣ доир гардид.
Масъулин зимнан доир ба яке аз масъалаҳои ташвишовари ҷомеа, паёмадҳои хатаровари ҳизуб ҳаракатҳои ифротӣ сухан гуфта, иброз доштанд, ки терроризмро ба хубу бад ҷудо карда намешавад. Онҳо дину мазҳаб ва Ватан надоранд барои ин ашхос ба ҷузъ маблағи муфт чизе арзиш надорад. Аз ин лиҳоз моро месазад барои муборизаи дастаҷамъома бар зидди ин зуҳуроти номатлуб, Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони азизро аз ин падидаҳои нангин пок созему ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.
Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 тариқи ҳашар ба маблағи 18 (ҳаждаҳ) ҳазор сомонӣ таъмири капиталӣ карда шуда, китобхона ва толори варзишии ин муассиса таъмираш идома дорад.
Инчунин, дар ин раванд бо иқдоми неки соҳибкорзан Хоҷаева Моҳитобон ба масофаи 500 метр роҳи деҳа мумфарш карда шуд, ки аз ин ташаббусҳо ватандӯстона сокинон миннатдории хешро баён доштанд.