БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ рисолати азалии мост!

МӮЪМИНОБОД.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти  ибтидоии «Амонатбонк»-и ноҳияи Мӯъминобод оид ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ  баргузор гардид.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ноҳиявии ҳизб  Раҷабова Гулсунбӣ  доир  ба дастуру супоришҳои  мақомоти болоии ҲХДТ, аз ҷумла пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ  ба ҳизбу ҳаракатҳои  ифротӣ, огоҳонидани онҳо  аз паёмадҳои  хатаровари  гурӯҳҳои  тундгаро, пешгирӣ  аз хурофоту бегонапарастӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи  ватандӯстӣ ва сафарбар кардани соҳибкорону саховатмандон  ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, хайру сахо, аз қабили роҳсозӣ, обкашонӣ, таъмири мактаб ва кӯмак ба ниёзмандон  андешаронӣ намуд.

Дар охир дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» як синфхонаи  МТМУ №2-и ноҳия  таъмири капиталии он оғоз карда шуд.

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg