БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУШДИ СОҲИБКОРӢ ВА ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ АЗ ХИЗМАТИ ПУРСАМАРИ БОНКҲО ВОБАСТАГӢ ДОРАД

ДАНҒАРА. Дар ташкилоти ибтидоии “Ориёнбонк” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб зимни маҷлис  атрофи мавзӯъҳои муҳим, Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, роҳҳои пешгирӣ аз амалҳои  коррупсионидошта, кор ва фаъолияти занон дар соҳаи бонкдорӣ, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани  хизматрасониҳои бонкӣ, эҳтироми пули миллӣ, ҷалби мизоҷон ба бонкҳо, танзими қурби асъор ва дигар масъалаҳои бонкӣ суханрони намуда, дар охир ба тамоми кормандони соҳаи бонк барору комёбиҳоро таманно намуданд.

Ҳамзамон,дар идома  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии  ҳизб ва  дигар  масъалаҳои ҳаётан муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуда,  бо суолу пешниҳодҳои судманд  ба вохӯрӣ анҷом пазируфта шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg