
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои созандаи ӼХДТ дар маӽаллаи ба номи Абдураӽмони Ҷомии шаӽраки Ӽулбук вохȳрӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ Шаӽноза Раҷабова иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни суӽбат мавсуф дар мавзӯъӽои баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии хароҷоти беҳуда, танзими расму оинҳои мардумӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон дар руҳияи хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани хурофоту бегонапарастӣ, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳаракату созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ суханронӣ намуданд.
Дар баробари гузаронидани мулоқот ӽамчунин дар қисмати амалии Аксияи ӽизбӣ таӽти унвони «Якҷоя ӽал мекунем!» ду нафар шахсони ниёзманди ҷомеа ба рȳйхати камбизоатони Мақомоти иҷроияи ӽокимияти давлатии ноӽия ворид карда шуданд.