БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН БА КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ВА ХАЙРУ САХО ҲИДОЯТ ГАРДИДАНД

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ҳама деҳаҳои ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ суҳбат оид ба самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ  ва қисмати  амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” доир карда шуд.

Ќайд кардан зарур аст, ки дар ин ҳамоиш аз ҷониби масъулини ҳизбӣ атрофи  эълон гардидани  солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ,  Қарори раиси вилояти Хатлон “Дар бораи андешидани чораҳои  тақвият бахшидани  ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзмандон” суханронӣ карда шуда, сокинон ба  ватандўстиву худогоҳии миллӣ ва анҷоми корҳои хайру сахо  ҳидоят гардиданд.

Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg