БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁНИ МАҲАЛ ДАР ТАТБИҚИ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ САҲМГУЗОРАНД!

ПАНҶ. Дар доираи  Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи Айнии ҷамоати шаҳраки Панҷ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохўрӣ доир гардид.

Баромадкунандагон оиди хатари терроризму экстремизм ба истиқлолияти давлатӣ, хурофотпарастӣ ва таассуби динӣ, ки ба косташавии маънавиёти ҷомеа оварда мерасонад суханронӣ намуданд.

Зимнан яке аз сабабҳои ба гурўҳҳои ифротӣ дода шудани ҷавонон ин бо хурофотпарастӣ заҳролуд шудани мафкураи  ҷавонон мебошад. Бинобар ин лозим аст, ки аҳли ҷомеа  фарзандонро дар рўҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ,  инсондўстӣ тарбия намуда, оқибатҳои  манфии таассубу сиёсикунонии динро фаҳмонанд.

         Дар охири чорабинӣ бо қувваи сокинони маҳал ва дастаҷаъмона Аксияи тарғиботӣ-амалиии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” амалӣ гардид, ки ҷамъомадагон барои таъмири боғчаи бачагонаи №1 ноҳия масолеҳи сохтмониву таъмирӣ харидорӣ намуда, дастрас карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg