БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ҲХДТ ДАР МАҲАЛ БА ФОИДАИ СОКИНОН АСТ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҳаёти нав” хониши сиёсӣ ва қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.

Зимни баромад муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарипов Раҳимҷон  дар бораи корҳои бодонию созандагӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар баробари сохтмон ва таъмиру тармими иншооти таъиноти иҷтимоӣ, инчунин мушкилоти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ дар  маҳаллаҳои  аҳолинишин, махсусан деҳот бояд  ҳал карда шаванд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бодарназардошти зарурати инкишофи  инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудааст.

Дар доираи иҷрои амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аз як  синфхонаи МТМУ №5 таъмиру тармим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg