БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНА МЕБОЯД

АНДЕША. Коррупсия аз ҷумлаи амалҳои номатлубе мебошад, ки садди рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон мегардад. Муқовимат бо коррупсия ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бояд бар зидди он дастҷамъона мубориза барем.

Бо шарофати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда, дар амалишавии он тамоми шохаҳои ҳокимият ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб фаъол гардидааст.

Рӯзмарра ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат бо коррупсия гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешид. Дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ ин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба шумор меравад. Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва андешидани чораҳои зарурӣ дар сатҳи миллӣ маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, доктринаи миллии ҳуқуқӣ дар ин соҳа ташаккул дода шуд. Дар ин самт қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба талаботи замон ҷавобгӯ қабул шуда, ниҳоди махсусгардонидашудаи давлатӣ –Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ниҳоди умумимиллӣ–Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шудааст.

Зикр кардан зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия буда, таҳияи давлатии мубориза бо коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуда, бо ибтикори Пешвои миллат ду маротиба Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Стратегияи зикршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки давлат баҳри амалӣ намудани мубориза бо коррупсия сиёсати давлатии зиддикоррупсиониро роҳандозӣ карда, баҳри татбиқи он дар ҷомеа тадбирҳо андешида, ба дастовардҳо ноил гардидааст.

Пешвои миллат дар сухангӯӣ, суҳбату вохӯриҳо бо шаҳрвандон пайваста дар ин мавзӯъ таъкид менамоянд. Аз ҷумла: “Мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем”.

Моддаи 51-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар намудааст, ки вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, субъектҳои хоҷагидоре, ки на кам аз нисфи моликияти онҳоро ҳиссаи давлат ташкил медиҳад, инчунин ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, субъектҳои муқовимат бо коррупсия ба ҳисоб мераванд.

Мубориза бар зидди коррупсия дар чаҳон ба як масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст. Дар дунё кишваре нест, ки бо ин мушкилот рӯбарӯ нашудаву алайҳи он муборизаи сартосарӣ набарад.

Асосан мафҳуми муқовимат бо коррупсия ин фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин кам намудани содиршавии чунин қонуншиканиҳо ва бартарафсозии оқибатҳои онро дар бар мегирад. Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 –уми августи соли 2013, №1504 тасдиқ шудааст, ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар ҳамкории миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад. Мақсаду мароми стратегияи мазкур ҷиҳати паст кардани сатҳи коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мунтазам бартараф намудани монеаҳо, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум равона карда шудааст.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати иҷрои нақша-чорабиниҳои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» бо қарори дахдори раиси шаҳри Кӯлоб комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таъсис дода шудааст. Инчунин, бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб №123 аз 27.03.2017 раис, муовини раис ва котиби комиссияи ҷамъиятии пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таъин гардид.

Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб фаъолияти худро дар асоси Низомномаи комиссияи ҷамъиятӣ ба роҳ монда, ҷаласаҳои комиссия мунтазам тибқи талаботи Низомнома соле ду маротиба гузаронида, дар онҳо масъалаҳои муҳими муқовимат бо коррупссия тибқи нақшаи кории комиссияи ҷамъиятӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба масъалаҳои барасишаванда қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд. Нақшаҳои кории комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бевосита дар асоси бандҳои дахлдори нақша- чорабиниҳои Стртегия тасдиқ карда шуда, мавриди амал қарор дорад.

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб низ пайваста бо кормандони шуъбаи минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вохӯриҳо гузаронида мешаванд. Бо ин мақсад дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр комиссия ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия фаъолият дорад, ки барои тарбия намудани кадрҳо дар руҳияи садоқат ба Ватан, дасту дили пок ва поктинатӣ дар хизмати давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, пайваста бо қишрҳои гуногуни ҷомеа суҳбату вохӯриҳо гузаронида, паёмадҳои нохуши амалҳои коррупсионӣ, зиёни моддиву маънавии онро ба аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ маънидод мекунанд. Барои дар амал татбиқ намудани муқовимат алайҳи коррупсия раъйи қавии сиёсӣ, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ, банақшагирии стратегӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеа зарур аст.

Бо мақсади амалӣ намудани муқовимат бо коррупсия мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳр дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо фаъолони шаҳру деҳоти Кӯлоб, омӯзгорону табибон, кормандони ташкилоту муассисаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

Бояд таъкид кард, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст.

Аз ин лиҳоз ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия зарур аст, ки фаъолият дар ин самт бо ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди ҷомеа боз ҳам хубтар ба роҳ монда шавад.

 

Гулмадов Амирҷон, узви ҲХДТ аз шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg