БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМ ГУЗОШТАН ДАР КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

БОХТАР.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Оид ба татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ барои нимсолаи дуюми соли 2019 дар ташкилоти ибтидоии “Хатлонстройсервис” вохӯрии ҳизбӣ доир шуд.

Дар ҳамоиш раиси Кумитиаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ширкат дошта, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, татбиқи стратегияҳои миллӣ, иҷроиши қонунҳои  амалкунандаи кишвар, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, пешгирӣ аз тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона суханронӣ намуда, зикр намуд, ки бо дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар маъракаи ободонӣ ва бунёдкориҳо дар боғу гулгаштҳои шаҳру навоҳии кишвар бо маром идома дорад. Ин аст, ки аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур барои таҷдид ва азнавсозии гулгашти “70-  солагии Водии Вахш”-и шаҳр муваззаф гардидаанд. Мо бар он мекӯшем, корҳои сохтмониро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба роҳ монем ва қарзи шаҳрвандии хешро дар назди давлату Ҳукумат  иҷро кунем.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg