БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОХТАНИ ПУЛ ГУЗАШТАН АЗ ПУЛИ ОХИРАТРО ОСОН МЕКУНАД!

КӮЛОБ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо мақсади истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб тамоми саъю талошҳои хешро барои ободии деҳаю маҳалли худ равона карда истодаанд.

Сокинони маҳаллаи ба номи С. Даминзода дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” корҳои зиёди созандагию бунёдкориро ба анҷом расонида истодаанд.

Бердиева Рушанбӣ ва Ҷалолов Ёқуб аз ҳисоби маблағҳои ҷамъовардаи худ, ки нияти сафари ҳаҷ доштанд, тасмим гирифтанд, дар маҳаллаи мазкур як пули мошингузар ва қубурҳои обгузарро иваз намоянд. Айни замон корҳо дар ин самт бомаром идома дошта, дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Сокинони маҳаллаи мазкур аз чунин иқдомҳои созандаи ин нафарони саховатпеша сарфароз гардида, ба онҳо изҳори миннатдории хешро баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg