БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҚДИМИ КИТОБ ОМИЛИ БАЛАНД ГАРДИДАНИ САТҲИ ДОНИШУ МАЪРИФАТИ ҶОМЕА МЕБОШАД!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати баланд бардоштани маърифати  шаҳрвандон ва татбиқи  Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Кӯшониён тадбирҳои мушаххас андешида, ҳамарӯза вохӯриву мулоқотҳои судмандро дар ташкилотҳои ибтидоӣ  баргузор намуда истодааст.

Дар баргузории чорабиниҳо ҳамагон  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва масъалаҳои рӯзмарра бархурдор мешаванд.

Мулоқоти навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Омор”   дар басо судманд доир гардида, ҳамагон аз андешарониҳо таассуроти хуб гирифта, азм доранд, ки дар фаъолияти  ҳизбӣ самтҳои афзалиятнокро татбиқ  менамоянд. 

Дар охир  дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  ба ду нафар хонандагони  муассисаи таълимӣ Ҳайдаров Раҳимҷон ва Муқимова манижа   китобҳои бадеӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg