БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАТБИҚИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ЯКҶОЯ ҲАЛ МЕКУНЕМ!” АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.Ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ атрофи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Садриддин Айнӣ”-и деҳаи  Садриддин Айнии Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин  вохӯрӣ баргузор гардид.

Масъулини ҳизбӣ атрофи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ,  огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  рӯ овардан ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзию хоҷагидорӣ ба хотири  паст кардани шиддати бекорӣ,таъмини амнияти озуқаворӣ,сарфаҷӯёна истифода бурдани  нерӯи барқ барои  расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мардумӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз  андешаронӣ намуданд.

Дар паёмади чунин суҳбату вохӯриҳо бо ташаббуси фаъолон, аъзо ваҷонибдорони ҲХДТ  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №53-и деҳаи номбурда  аз таъмири пурраи капиталӣ бароварда шуда, барои истифода омодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg