БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ХАТМКАРДАГОН ДАР ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ЗИЁД АСТ

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи  қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  аз ҷониби ҳизбиён эълон гардидааст, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпеша барои таъмири  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 кӯмаки навбатӣ расонида шуд.

Иқдоми ватандӯстона  аз номи хатмкунандагони муассисаи мазкур Гадое Шералӣ- соҳибкор ва Шералиев Мирзо директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳия  буд, ки аз ҳисоби пасандозҳои худ ба муассисаи таълимие, ки хатм намудаанд, ба миқдори 20 халта шпаклиёвка, 20 адад қутти ранг  ва як қатор маводҳои ранкунанда тақдим  намуданд.

Баъдан дар қисмати сиёсии чорабинӣ масъулин атрофи  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти он фикру мулоҳизаҳои хешро иброз дошта,барои дастгирии  ташаббусҳои нек изҳори миннатдорӣ баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg