БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ресанда” вохӯрӣ доир карда шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал дар ҳамоиш иштирок дошта, вобаста ба таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар бо сару либоси ҷавобгӯ ба талаботи замон, ки яке аз вазифаҳое мебошанд, ки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон дар назди корхонаҳои саноатӣ – истеҳсолии кишвар гузоштаанд, андешаронӣ карда, афзуд, ки шахсони муттасадиро зарур аст, бевоситаи барои дар шаҳр таъмин шудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат масъуланд ва барои иҷрои самараноки он кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар идомаи вохӯрӣ дигар масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла, иҷроиши қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”, татбиқи ҳадафҳои миллӣ, мубориза бо коррупсия, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарои, сарфаву сариштакорӣ, риояи талаботи қонунгузории кишвар, баланд бардоштани маданияти шаҳрвандӣ ва ғайра муҳокима карда шуданд.