БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БА ХОТИРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТНОКИИ ШАҲРВАНДОН

МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Бо иштироки кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод  дар ташкилоти ибтидоии «Шуғли аҳолӣ» вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар суҳбат  масъулин оид ба Паёми  навбатӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла пешгирӣ аз  амалҳои коррупсионӣ, сари вақт пардохт намудани андозҳо ба буҷаи давлат  ва моҳияти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  андешаронӣ намуданд.

Сипас,  байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.

Вобаста ба татбиқи  қисмати амалии Аксияи  ҳизбӣ дастгирии  иштирокдорон   роҳравҳо ва гирду атрофи ташкилоти ибтидоии мазкур  тоза карда шуданд.

   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg