БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЪЮ ТАЛОШИ СОЗАНДАИ ХЕШРО БА ХОТИРИ РУШДУ ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН САРФА МЕНАМОЕМ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Ганҷи дониш” мулоқот анҷом дода шуд.

Зимни он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоии мазкур  Обидов Саймуҳаммад иштирок ва баромад намуданд.

Нахуст, Фирӯзи Саидмӯъмин ба сухан баромада, қайд кард, ки суботу амният ва оромии ҷомеа василаи муҳими пешрафту тараққиёти ҷомеаи инсонӣ дар ҳама давру замон ба ҳисоб рафта, раванди осоиштагии мардумро таъмин менамояд. Ин неъмати бебаҳо, ки арзиши баланд ва ҷойгоҳи сазоворро соҳиб мебошад, хостаи асосии мардуми олам маҳсуб меёбад. Мутаасифона, боз гурӯҳҳои тандгарое ҳастанд, ки бо мақсадҳои ғаразноки худ мехоҳанд давлати моро пароканда ва миллати моро сарсону парешон созанд.

Иштирокчиёни мулоқот гуфтанд, ки имрӯз воқеияти зиндагӣ беш аз пеш талқин месозад, ки ҳар фарди бонангу номус, ватанхоҳу ватандӯст ва ҳимматбаланду саховатпеша бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талоши созандаи хешро ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони азиз сарф намояд ва сарзамини биҳиштосоямонро боз ҳам маҳбубу машҳур гардонад.

Бо ташаббуси аъзо ва ҷонибдорони ҳизб аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” 27 адад китоб ба китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg