
ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш вохӯрии навбатии худро дар мавзӯъи «Сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ» дар ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқи” - ноҳия доир намуд.
Нахуст, зимни маҷлис раиси Кумитаи иҷроия ноҳиявии ҳизб Одилҷон Маҳмадов қайд кард, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ироа намуданд, ки имсол дар давраи солҳои соҳибистиқлолӣ маҳдудияти барқ пурра бардошта шуд ва мо ба истиқлолияти комили энергетикӣ хеле наздик шудем. Инчунин, гуфта шуд, ки ин дастоварду комёбии бузург боиси шукргузории ҳар як шаҳрванди кишвар аз фазои суботу осоиштагии комил ва ваҳдати сартосарӣ мебошад.