БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи №11” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ   баргузор гардид.

Дар мулоқот намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик иштирок дошта, дар бораи  сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар дар тӯли 27 сол, пешрафту ободии Ватан ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, аз ҳамагон ҷиҳати расидан ба қадри обу хоки  меҳан ва заҳматҳоишабонарӯзии Роҳбари давлат даъват ба амал оварданд.  

Инчунин, дар идомаи сухан  масъулин  моҳияти  Қарори раиси вилояти Хатлон дар  бораи дасти кӯмак дароз намудан ба шахсони ниёзманди ҷомеа ва  Аксияи таъмири муассисаҳои таълимӣ таҳти унвони “Одам нашавад касе агар аз мактаб”-ро фаҳмониданд.

Дар охир вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” қисмате аз роҳҳои кӯча, ки бар асари боридани боронҳои сели баҳорӣ вайрон гашта буданд, ба масофаи 150 метр сангфарш карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg