БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР ФАРДИ СОЛИМФИКР БОЯД ДАР ОБОДКОРИҲО ҲИССАИ АРЗАНДАИ ХУДРО ГУЗОРАД

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Зери ҳамин мафҳум масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Пайравони»-и Ҷамоати деҳоти Ғайрат  дар доираи "Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ" ва бо мақсади иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғибии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар назди ҳозирин масъулин дар бораи муқовимат бо коррупсия, маҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ, қонунҳои миллӣ, истифодаи  дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ карданд.

Сокинони деҳа, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ мебошанд, дар доираи Аксияи ҳизбӣ  1 синфхонаи синфҳои ибтидоии муассисаи таълимии №6- ро  аз таъмири пурра бароварда,  ният доранд, ки боз 1 синфхонаи дигарро низ таъмир намуда, дар соли нави хониш ба истифода супоранд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg