БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМИ ШАРАФМАНДИ ТОҶИК ДАР ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ САҲМИ НАЗАРРАС ДОРАНД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилотии ибтидоии «Тудабоён»-и Ҷамоати деҳоти Чубек хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» гузаронида шуд.

Масъулини ҳизбӣ дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», мубориза бар зидди коррупсия, тарғиби тарзи ҳаёти солим,  сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  андешаронӣ карда, афзуданд, ки  дар доираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмломалӣ Раҳмон корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вусъати тоза дошта, барои боз ҳам ободу зебо гардидани як гӯшаи диёрамон мо мардуми шарафманди тоҷик таҳти Сарварии Раиси муаззами ҲХДТ  пайваста талош варзем.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» барои таъмири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и деҳа  масолеҳи сохтмонӣ  дастрас карда шуда,дар ин самт корҳои ободонӣ идома доранд.

      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg