БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ САФАРБАР КАРДАНИ СОКИНОН БА КОРҲОИ ОБОДОНИВУ БУНЁДКОРӢ

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии «20-солагии Истиқлолият»-и ҷамоати деҳоти Фахробод атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суҳбат баргузор гардид.

Мавсуф  зимни баромад аз  дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, сиёсати пешгирифтаи  Роҳбари давлат дар самти  корҳои ободониву созандагӣ, анҷоми корҳои хайру сахо  ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  ки яке аз масъалалҳои  ҳаётан муҳим барои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад,  андешаронӣ намуда, таъкид сохт, ки  талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зебо шудани Ватан ва таъмини зиндагии  осудаи сокинон мебошад ва ҳар яки моро лозим аст бо амалҳои созанда дар пешрафту шукуфоии меҳан саҳмгузор бошем.

Дар хотима дар доираи баргузории Аксияи ҳизбии  «Якҷоя ҳал мекунем!» қисмати берунаи хонаҳои истиқоматии деҳа аз нав таъмир карда шуданд.

     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg