БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛҲОИ СОЗАНДАИ ҲХДТ-РО СОКИНОН БО ХУШНУДӢ ПАЗИРУФТАНД

ШАҲРИТУЗ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Пахтаободи ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Дар рафти суҳбат аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», хизмати ҳатмии ҳарбӣ барои ҷавонписарон, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни хусусияти террористӣ-экстремистидошта, ҳодисаҳои рӯзи 19 май дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат рӯхдода ва дигар масъалаҳои муҳим  суханронӣ карда шуд.

Ҳамзамон,  бо мақсади баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13  3 адад  синфхонаи муассисаи мазкур таъмири капиталӣ оғоз ёфта,бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин карда шуд.

      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg