
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Оид ба тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи босамари қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидои деҳаи «Бакодара» -и Ҷамоати деҳоти Лангардара вохӯрӣ доир намуданд.
Дар чорабинӣ Назарзода Толибҷон раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок ва дар бораи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ, моҳияти Аксияи ҳизбӣ андешаронӣ намуда, сокинонро ба дастаҷамъона сафарбар намудан дар корҳои ободониву созандагӣ таъкид сохт.
Инчунин, дар идома мавсуф доир ба мавзӯъҳои мубрами рӯз, аз қабили терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номаблуб, ки имрӯзҳо ҷомеаи шаҳрвандиро ба ташвиш овардааст, ҳарф зада,ҷамъомадагонро барои аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳифзи обу хоки Ватан раҳнамоӣ намуд.
Дар партави Аксияи ҳизбӣ қисмати болоии деҳа корҳои сохтумонии пули мошингузар оғоз гардида буд, кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ширкат варзида, саҳми хешро дар амалигардонии иқдоми хайрхоҳона гузоштанд.