
НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Гулистони”-и кӯчаи Мирзораҳим Исмоилови минтақаи манзилии №2-и шаҳри Норак қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид.
Дар Аксияи ҳизбӣ сокинон барои таъмири синфхонаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и деҳа як миқдор маҳсулоти сохтмонӣ кӯмак расонида шуд.
Инчунин, дар ҳамин раванд сокинони кӯчаи ба номи Мирзораҳим Исмоилов ҳамчун кӯмак пешайвони муассиаи таҳмсилоти миёнаи умумии №2-ро рангубор намуданд.
Дар қисмати сиёсии чорабинӣ самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим дар байни сокинон баррасӣ карда шуда, онҳо барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ раҳнамоӣ гардиданд.