
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Гулистон» - и Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» доир гашт.
Зимни баромад масъулини ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти
ҳизб ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ намуданд.
Дар охир дар доираи Аксияи ҳизбӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия масолеҳи сохтмонӣ барои таъмири як синфхона кӯмак карда шуд.