БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АСОСИ РУШДЁБИИ ДАВЛАТ АЗ СОЛИМИИ МИЛЛАТ ВОБАСТАГӢ ДОРАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Барои таҳкимбахшии корҳои тарғиботӣ,  огоҳинадани сокинон аз хурӯҷёбии АНМО/ВНМО дар ташкилоти ибтидоии “Мададгор” дар мавзӯъи “Солимии миллат асоси рушди давлат мебошад” хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Зимни мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин баромад намуда, қайд кард, ки афзудани бемории АНМО/ВНМО тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Бемории мазкур бевосита ба генафонди дилхоҳ миллат таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин миён вобаста ба огоҳнидани сокинон аз бемориҳои гуногуни сироятёбанда аз самтҳои муҳимми фаъолияти ҲХДТ мансуб меёбад, ки мо кормадони масъули ҳизбӣ мунтазам бо табақаҳои гуногуни ҷомеа нишасту вохӯриҳо доир менамоем. Дар баробари ин бояд кормандони дигар сохторҳои марбута, хусусан кормандони соҳаи тиббӣ оид ба ин масоил бетараф набуда, дар ин росто пайваста бо мардум корҳои тарғиботию ташвиқотиро бештар карда, барои паст кардани паҳншавии бемориҳои сироятӣ саҳми худро гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg