БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

03 Декабр 2021

ТАНЗИМ - ПЕШРАФТИ ЗИНДАГӢ

АНДЕША. Дар ҳаёт татбиқ намудани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш аз ҳама маданияти баланд, рафтор, тафаккур, амали неки одамон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, маданияти меҳнат, сухангўӣ, муносибатҳои фардӣ мисли обу ҳаво зарур аст.

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ЭҲЁИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИК

АНДЕША. Санаи 16-уми ноябр барои миллати тоҷик дар воқеъ рӯзи муқаддас ва тақдирсоз буда,  29 сол муқаддам дар ин санаи муборак   ба бахти миллати тоҷик Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.    

ХОИНОНИ МИЛЛАТ ФАРҚЕ АЗ ИБЛИС НАДОРАНД

ВОКУНИШ. Инсон мавҷудотест, ки, пеш аз ҳама, дорои шараф ва номус аст, вагарна инсони шарафу номус гумкарда ҳеч фарқе аз иблис надошта, маънои ҳастияш гум шудааст.

ҲАДАФИ ХОИНОН ТАНҲО АФРӮХТАНИ ОТАШИ ДИГАРБОРАИ КИНАВУ АДОВАТИ БАЙНИҲАМДИГАРИСТ

ВОКУНИШ. Воқеаҳое, ки моҳи гузашта дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал омад ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор овард, хушбахтона бо якдигарфаҳмӣ паси сар шуд. Аммо он рӯсиёҳоне, ки мехостанд ин қазияро тобиши сиёсӣ дода, дар байни мардуми тоҷик тухми кинаву адоватро кошта ба оташ равған пошанд, ба мақсади нопоки худ нарасиданд.

СИЁСАТИ НАМУНАИ ИБРАТ

АНДЕША. Дар кураи замин миллату халқиятҳои гуногун умр ба сар мебаранд. Ҳар яке аз гузашта то имрӯз барои озодию     истиқлолият мубориза мебурданду мебаранд. Ҳар яке  дарки миллат будану давлати соҳибистиқлол доштанро орзу менамоянд.  Миллати мо низ аз ҷумлаи ҳамин гурӯҳи ормонӣ буд, ки ҳазор сол боз  ин неъматҳо барояш орзуе буд.

«ШИФО» СОЛИ 2021-РО БО НАТИҶАҲОИ ДИЛХОҲ ҶАМЪБАСТ НАМУД

Ш.ШОҲИН. Дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шифо» бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ Асақолов Алиҷон, Неъматов Абдуҷаббор, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Худойбахшов Шамсуддин ва аъзову фаъолони ҳизб маҷлиси ҷамъбасти солона доир гардид.

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ҲИЗБИИ «КӮДАКИСТОН»

Ш.ШОҲИН. Дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯдакистон» бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ Асақолов Алиҷон, Неъматов Абдуҷаббор, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Хоҷааллоева Ғарибмо ва аъзову фаъолони ҳизб маҷлиси ҷамъбастӣ солона доир гардид.

НИСБАТИ САЛОМАТИИ ХУД БЕАҲАМИЯТ НАБОШ!

Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо  мақсади  пешгирӣ ва паҳншавии мавҷи нави бемории  коронавирус корҳои  фаҳмондадиҳиро   дар  байни  сокинони маҳаллаҳо ва деҳаҳои  ноҳия  ҳамарӯза бо маром идома дода  истодаанд.     

ҲИЗБИЁН АЗ СОЛИ 2021 НАТИҶАГИРӢ КАРДАНД

ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази бемориҳои сил " маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.

1 ДЕКАБР - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО ВНМО

ФАРХОР. 1 декабр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО-ВИЧ/СПИД) таҷлил карда мешавад. Ин рӯз аз соли 1988 инҷониб ҳамасола доир шуда, мақсад аз он пешгирӣ ва огоҳонидани аҳолӣ оид ба бемории мазкур мебошад.

МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ «ВНМО»

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии “ВНМО” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 баргузор гардид.

МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ЛЕВАКАНТ.  Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии рӯзномаи "Нури Сарбанд"-и шаҳр баргузор гардид.

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН- ҲИЗБИ РАВАНДИ БУНЁДКОРИИ ВАТАН

ПАНҶ. Дирӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” дар ҷамоати шаҳраки Панҷ бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб сохтмони бинои дуошёна иборат аз 8 синфхона барои бунёди “Маркази омӯзишии ҷавонон” сохта истодаанд, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия тасмим гирифтаанд, ки онро баҳри сайқал додани дониши ҷавонон баҳри пешбурди ободии

МО ҲАМА ЯКДИЛУ ЯКҶОНУ ЯК ТАНЕМ!

ВОКУНИШ. Мо мардуми Тоҷикистон воҳид ҳастем. Маҳз ваҳдату ягонагии мо буд, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ тамоми мушкилотҳои мавҷудаи хешро паси сар намудем. Имрӯз бошад, баъзан нафарони ба мо бегона аз оддитарин ҳодиса як воқеаи баҳсангез месозанд.

БАДАХШОН ЯК ПОРАИ ВАТАНАМ!

ВОКУНИШ. Шукри Худованди меҳрубон, хиради азалии мардуми тоҷик боло гирифту дар шаҳри Хорӯғи Вилояти Бадахшон вазъият ором шудаву ба ҳолати муқаррарии худ баргашт.

НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОЛИ 2021

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии "Омор"-и шаҳри Левакант бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ВА ВАЗИФАҲОИ НАВБАТӢ

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби санъати бачагона”-и шаҳри Левакант бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия маҷлиси ҷамъбастӣ ҳисоботӣ доир гардид.

Маҷлисро масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кушода, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ  ҳисобот доданд.

АЗ ВНМО ХУДРО ЭҲТИЁТ НАМО!

КӮШОНИЁН. Мудири шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва занон,  таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бахшида ба Рӯзи  умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО (Вируси норасоии масунияти одам) аксияи ҳизбӣ баргузор намуданд.

ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ҚУБОДИЁН. Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобуддин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Файзи Истиқлол” вохӯрӣ баргузор гардид.

ВОХӮРӢ БО СОКИНОН МУФИД АНҶОМ ЁФТ

ҚУБОДИЁН. Дирӯз бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобуддин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лоҳутӣ” вохӯрӣ баргузор гардид.

МО БОЯД ФИКРИ АМНИЯТУ СУБОТ ВА ФАРДОИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗАМОНРО ДОШТА БОШЕМ

АНДЕША.  Заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон буд, ки мо соҳибистиқлол шудем ва дар фазои тинҷиву оромиву осудагӣ умр ба сар мебарем.

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ ДАР СОЛИ 2021

ЁВОН. Бо мақсади натиҷагирӣ намудан аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии “Муборакқадам”-и деҳаи Дарагии ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов маҷлиси ҷамъбастӣ доир карда шуд.

БЕМОРИИ ВИЧ/СПИД ТАБОБАТНАШАВАНДА АСТ

ЁВОН. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории ВНМО аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳия конференсия зери унвони “Бемории ВИЧ/СПИД табобатнашаванда мебошад” баргузор карда шуд.

АЗ ВИЧ/СПИД ХУДРО МУҲОФИЗАТ НАМО!

ЁВОН. Бахшида  ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории ВНМО аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо Маркази мубориза бар зидди бемории ВНМО дар ҷойҳои сераҳолии ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ёвон аксияи тақсимоти маводҳои таблиғотӣ гузоранида шуд.

МО БА ИРОДАИ ҚАВИИ МАРДУМИ БАДАХШОН БОВАРИИ КОМИЛ ДОРЕМ

АНДЕША. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як қонуну карорҳое, ки аз тарафи роҳбарият кабул карда мешванд, риоя гардидани он  аз ҷониби шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад. Ҳар он амале, ки  берун аз талаботҳои қонун аз ҷониби ин ё он шахс рӯи даст гирифта мешавад ҳатман, ки дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.

МАЪЮБОН ҲАМЕША ДАР ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲ ҚАРОР ДОРАНД

ВАХШ. Ҳамасола дар ҷаҳон 3-юми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон ҷашн гирифта мешавад.

ВОХӮРӢ БО АЪЗОИ ҲХДТ

Ҷ.БАЛХӢ.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҳамадонӣ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо аъзои ҳизб баргузор гардид.  

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Ҷ.БАЛХӢ.  Дар ташкилоти ибтидоии "Пахтакор"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар  соли 2021 шунида шуд.

ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ ҲЕҶ ГОҲ БА МАҚСАДҲОИ ЗИШТАШОН НАМЕРАСАНД!

ВОКУНИШ. Ин шабу рӯзҳо душманони миллати мо дар хориҷа паноҳ бурда, тавассути расонаҳои интернетиашон ба монанди “Паём.нет”, “Ислоҳ.нет”, “Бомдод.ком” ва ғайра, ки аз ҷониби Иқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ, М.Салимпур, Ҳусейн Ашуров, Т.Беҳрӯз ва дигарон идора карда мешаванд, бо дурӯғу туҳмат ва иғвоҳои беасос ба афкори

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg