БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

01 Декабр 2021

АМАЛИЁТИ «РӮЗИ ЁДОВАРӢ» ДАР АМАЛ

ШАҲРИТУС. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар деҳаҳои Ҷамъият- Деҳқон ва Хушодии ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назаров бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷамъият-Деҳқон» ва «Хушодӣ» ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид.

МУШКИЛОТИ НОРАСОИИ ОБ БАРТАРАФ ГАРДИД

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша- чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  фаъолони деҳаи  Б.Раҳимзодаи  ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ аксияи ободонӣ зери унвони  “Якҷоя месозем!” баргузор гардид.

ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ФАЪОЛАНД

ҶАЙҲУН. Бо иштироки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Молия”, “Ҳифзи иҷтимоӣ” ва “Бахши хадамоти муҳоҷират” баҳри тозаю озода гардонидани гирду атрофи роҳи асосии маркази ноҳия ва бинои Раёсати молия корҳои ободонӣ гузаронида шуд.

ХУД ВА НАЗДИКОНАТОНРО АЗ КОРОНАВИРУС ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар  якҷоягӣ бо волонтёрони назди  Кумитаи  иҷроия  бо  мақсади  пешгирӣ ва паҳншавии мавҷи нави бемории  коронавирус корҳои  фаҳмондадиҳро   дар  байни  сокинони маҳаллаҳо ва деҳаҳои  ноҳия  ҳамарӯза бо маром идома дода  истодаанд.     

ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ ТАЪМИН МЕГАРДАНД

Н.ХУСРАВ.  Бо  мақсади  таъмини    Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи   масъулияти  падару  модар  дар  таълиму  тарбияи  фарзанд»,  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  « Дар  бораи  танзими  анъана  ва  ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023» масъулини  Кумитаи  иҷроия  бо   падару  модаро

АКСИЯИ ҲИЗБИИ «ТОЗАГИИ МАҲАЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД

Н.ХУСРАВ.   Бахшида  ба 27- солагии таъсисиёбии ҲХДТ  ва  30  солагии  Истиқлолияти   давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  ташаббуси   Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  дар боғи фарҳангии  ноҳия бо ҷалби  ҷавонон, аъзо  ва  ҷонибдорони ҳизб,   волонтёрони  ҳизбӣ  Аксияи ҳизбӣ   умуминоҳиявӣ таҳти  унвонии «Тозагии маҳал»  гардида,   шоҳроҳи боғи фарҳангӣ ва бехи гулҳо  аз алафҳои бегона тоза ва  да

ИҒВОАНГЕЗӢ НИШОНА АЗ КӮРНАМАКИСТ

ВОКУНИШ. Ҳодисае, ки санаи 25.11.2021 дар шаҳри Хоруғ рух дод, онро гурӯҳҳои зархарид ба нафъи худ истифода намуда, дар сомонаҳои интернетӣ наворҳоеро паҳн намуда истодаанд, ки бо мақсади иғвоангехтан мардумро гумроҳ менамоянд. Ин гуна бешахсиятҳо бехабар аз онанд, ки мардуми тоҷик бо Сарвари оқилу хирадмандаш баҳри орому осуда гардонидани як кишваре, ки дар вартаи парокандагӣ қарор дошт, чи қадар талошу заҳматҳо кашидаанд.

СОЛИМИИ МИЛЛАТ - БОИГАРИИ ДАВЛАТ

ФАРХОР. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба  пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, истифодаи мақсадноки нерӯи барқ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо усули “хона ба хона” дар маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Фархор  гардиш доир намуданд.

КИТОБ МАНБАИ ДОНИШ АСТ

АНДЕША.  Яке аз неъматҳои бузурги ин дунё китоб аст, ки  метавонад  ақлро сабзонад.  Китоб сарчашмаи  илму  дониш  буда,  моро ба ҷаҳону  олами ҳастӣ ошно  месозад. Китоб  чизест, ки  моро  фиреб  намедиҳад  ҳар  қадар назар  кунӣ донишат  зиёду табъат  шод ва  забонат  кушода  мешавад.

ДУШМАНОН БА МАҚСАД НАРАСИДААНД...

ВОКУНИШ.  Ҳодисаҳои Хоруғ бори дигар душманони моро хурсанд карду дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол шуданд, вале тирашон зуд хок хӯрд. Ин аблаҳон ҳамон вақт ором мешаванд, ки рехтани хуни тоҷикро бинанду ҳаловат баранд.  ҳама ҳолату вазъият Ҳукумати кишвари мо ҷонибдори сулҳ ва зиндагии осудаву оромии шаҳрвандон мебошад.

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!

ҚУБОДИЁН. Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобуддин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҷамоати деҳоти  «Шифо» вохӯрӣ баргузор гардид.

БАҲРИ ҒАНӢ ГАРДИДАНИ ДАСТАРХОНИ МАРДУМ КӮШИШ МЕНАМОЕМ

ДӮСТӢ. Бо дастгирии роҳбарияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии "20-солагии Истиқлолияти давлатӣ" Абдуллоев Раҷаббек бо фаъолони ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ,  аз ҷумла  аъзову ҷонибдорони ҳизб ҷиҳати тарғиби ҳадафзои созандаи ҲХДТ  суҳбату бо сокинон вохӯрӣ доир гардид.

ШУНИДАН КАЙ БУВАД МОНАНДИ ДИДАН

(Таассурот аз саёҳати кормандони пешсафи ҳизбӣ ба мавзеъи зебою таърихии  Искандаркӯл)

АЁДАТ ВА КУМАК БА ШАХСОНИ ТАНҲО АМАЛИ ХАЙР АСТ

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои бандҳои нақшаи кории КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва кумак расонидан ба шахсони эҳтиёҷманд, барҷомонда ва танҳо масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо ҷалби намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  ба кумак ва аёдати бобои Амирхон рафтанд.

ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР ДЕҲАИ СЕЛБУР

ВОСЕЪ. Дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ дар деҳаи Селбури ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бо фаъолони деҳа ва ҷавонон вохӯрӣ гузаронида шуд.

РӮЗИ ЁДОВАРӢ ДАР МАҲАЛ АМАЛӢ ГАРДИД

ВОСЕЪ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, сокинони савобҷӯ ва дигар фаъолони ҳизб, дар оромгоҳи деҳаи Ҳасан Қурбонови ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳия Аксияи ҳизбии “Рӯзи ёдоварӣ” гузаронида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg