БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

24 ноябр 2021

БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ «ИНШОИ БЕҲТАРИН»

ШАҲРИТУС. Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус  дар байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №7, №10, №11, №21, №25 №30  озмуни «Иншои беҳтарин» бахшида ба  Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор  гадид. 

ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ!

ДӮСТӢ. Бо иштироки и.в.раиси ноҳияи Дӯстӣ, Нишонзода Даврон дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия, комиссари ҳарбӣ ва сардори ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ дар байни сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Деҳқонобод суӯҳбату вохӯрӣ доир намуданд.

МО ТАЪРИХИ ПАРЧАМДОРИРО ДОРЕМ!

АНДЕША. Халқи тоҷик таърихи куҳан дошта, таҷрибаи давлатдории мо  аз ҷониби олимону коршиносони хориҷи қайд шудааст. Таърих ва давлатдории моро сарчашмаҳои таърихӣ исбот мекунанд. Мо беш аз ҳазор сол ҳам давлат доштем, ки тарзи корбари ва идораи он аз давлатҳои имрӯза қариб, ки фарқияте надошт. 

ПАРЧАМ - МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Парчами давлатӣ рамзи давлатдории ҳар як давлат дар ҷаҳон мебошад. Дар аксар мавридҳо бисёре аз давлатҳоро маҳз аз рӯӣ парчам мешиносанд. Ҳангоми иштироки хонандагон ва варзишгарон дар озмун ва мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳз парчами кишвари онҳо парафшон мешавад. Парчам яке аз муқаддасоти мамлакатҳо ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз 29 сол муқаддам дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Парчами давлатии Тоҷикистон қабул ва тасдиқ гардид.

НОМЗАДҲОИ АРЗАНДА ПЕШБАРӢ ГАРДИДАНД

ҲАМАДОНӢ. Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Конференсияи 25 – уми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

ОЗМУНИ САВОЛУ ҶАВОБ БАРГУЗОР ГАРДИД

ФАРХОР. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо волонтёрони назди Кумитаи иҷроия бо мақсади дар рӯҳияи баланди идона таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаву маҳаллаҳо ва боғу гулгаштҳои ҳудуди ноҳия озмуни саволу ҷавоб таҳти унвони “Эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ”- ро роҳандозӣ намуданд.

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

ФАРХОР. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Фархор бо иштироки волонтёрон  Аксияи ҳизбӣ  зери унвони  “Парчамат бодо парфшон Тоҷикистони азиз” баргузор карда шуд.

ТАЪРИХИ ПАРЧАМДОРИИ ҲАР ЯК МИЛЛАТ БА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ ОН ТАВЪАМ АСТ

АНДЕША. Халқи тоҷик аз гузашта то ба имрӯз ҳамчун миллати соҳибфарҳангу давлатдор шинохта шуда, барои рушди ҷомеаи башарӣ фарзандони ин миллат хидматҳои зиёде кардаанд.

ПАРЧАМАТ ДОИМ ПАРАФШОН БОД, ТОҶИКИСТОН!

АНДЕША. Ҳар  як  миллати  олам   барои мавҷудияту  ҳастиву  бақои   худ   пайваста  талошу  мубориза мебарад.  Таърихи  дуру  дароз ва  пур  аз муборизаҳои миллати  тоҷик исботи  ин  гуфтаҳост.  Таърих  гувоҳ  аст, ки борҳо  ин  миллатро  ғарқи  хун кардаанд, сӯзондаанд  ва ҳатто  аз  сари  фарзадонаш  калламанора сохтаанд.  Аммо ӯ  нест  нашуд, балки барои  комил   гаштани  башарият рушд  ва такомул  ёфт.

ШАРМУ ҲАЁ БА ЗАН ЗИНАТ МЕБАХШАД

АНДЕША. Занон дар бештари маврид нисбати мардон зиёд мебошанд. Аммо дар аксарияти давлатҳо иззату эҳтироми махсусро соҳибанд. Аз ҷумла ба занон корҳои вазнин раво дида намешавад. Дар ҷое, ки зан аст, мардон бо эҳтиёт сухан мегӯянд, ки мабодо аз забонашон суханҳои қабеҳ набарояду занон наранҷанд.

ПАРЧАМ РАМЗИ ХУДШИНОСӢ АСТ

АНДЕША. Агар Суруди миллӣ қалби миллатро ифода кунад, Парчамро метавон сари баланди халқ номид. Чун ҳар ҷо Парчам барафрохта шавад, мардуми кишвар бо сари баланд ба сӯйи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандорӣ дучанд эҳсос мешавад. Парчами давлат, дар баробари баёнгари озодӣ ва истиқлолият буданаш, дар худ ормон ва умедҳои сокинони мамлакатро инъикос менамояд.

ПАРЧАМ НИШОНА АЗ СОҲИБДАВЛАТИИ МОСТ!

НОРАК. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Норак  бахшида ба  Рӯзи Парчами дав

ПАРЧАМ САРИ БАЛАНДИ МИЛЛАТ АСТ

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун саромади посдорандагони муқаддасоти миллии тоҷикон борҳо таъкид намудаанд, ки “Пос доштани муқаддасоти миллӣ барои ҳар як фарди бофарҳангу ватанпарвар ҳам фарзу ҳам суннат аст”.

ОЗМУНИ “РАСМИ БЕҲТАРИН” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ЛЕВАКАНТ. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демоератии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант, дар толори Кумитаи иҷроия озмуни ҳизбӣ таҳти унвони “Расми Беҳтарин”-ро байни хонандагони мактабҳои миёнаи умумӣ баргузор намуд.

МАҶЛИСИ ТАНАТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

КӮШОНИЁН. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади таҷлили бошукӯҳи Парчами давлатӣ дар  ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон ва варзиш”  маҷлиси тантанавӣ доир карда шуд.

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «РАСМИ БЕҲТАРИН»

МУЪМИНОБОД. Дирӯз дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ва дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни «Расми беҳтарин» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

АНДЕША. Парчам рамзи асосии давлат ва миллат мебошад. Парчам аз замонҳои хеле қадим мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, мақому манзалати арзишманд дорад. Парчами мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободу дурахшони Тоҷикистон аст.

ТУҲФАГУЗОРИИ ОЗМУНИ “РАСМИ БЕҲТАРИН” БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

КӮШОНИЁН. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Шомалангова Миҷгона ғолибони озмуни «Расми беҳтарин»-ро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “РАСМИ БЕҲТАРИН”

ҶАЙҲУН.  Даври  ниҳоии озмуни “Расми беҳтарин” миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

ОЗМУНИ “ДАСТОНИ МОҲИР” ДАР ҚУБОДИЁН

ҚУБОДИЁН. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар байни хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия озмуни “Рассоми беҳтарин” баргузор гардид.

БО ҲАМ ВАТАНАМОНРО МЕСОЗЕМ!

ҚУБОДИЁН.

ПАРЧАМ - РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ

АНДЕША. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд.

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ПОС ДОШТАНИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

АНДЕША.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи мамлакат шакли идораи Президентӣ пазируфта шудааст, ки дар ҳалли кулли масъалаҳо азму ирода ва дастуру ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Аз ҷумла, муқаррар шудааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад.

ПАРЧАМ - РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ

АНДЕША. Парчам дар замонҳои қадим воситаи шинохти худию бегона, рамзи ифтихори гурӯҳӣ буд. Имрӯз Парчам яке аз муқаддасоти давлат аст. Давлатҳо, ташкилоти ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, ширкатҳои тиҷорӣ ва ҳатто забонҳо (эсперанто) парчамҳои худро доранд. Хусусан, истифодаи парчам дар ширкатҳо, қисмҳои ҳарбӣ, баҳрнавардӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ин рӯ, парчамҳои миллӣ, давлатӣ, ҳарбӣ, тиҷорӣ мешаванд.

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

ЁВОН. Ба ифтихори Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва дар доираи дастуру супоришҳои ниҳоди вилоятии ҲХДТ миёни ташкилотҳои ибтидоӣ, муассисаҳои таълимӣ ва Коллеҷу Литсейҳои касбӣ- техникии ноҳияи Ёвон озмуни расмкашӣ зери унвони “Парчамат бодо парфшон, Тоҷикистони азиз!” доир гардид.

ПАРЧАМ - РАМЗИ ОЛИИ СОҲИБДАВЛАТӢ

АНДЕША. Парчам яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатдорӣ буда, дар ҳар давлату миллат махсусият ва таърихи худро дорост.

ОЗМУНИ “РАСМИ БЕҲТАРИН” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ВОСЕЪ. Озмуни “Расми беҳтарин”, ки бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, ҷамъбаст гардид.

ОЗМУНИ “РАССОМИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар байни хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия санаҳои 21-22-уми ноябри соли равон озмуни “Рассоми беҳтарин” барг

ПАРЧАМ - ТАҶАССУМГАРИ УМЕДУ ОРМОНҲО

АНДЕША.  Парчами давлатии Тоҷикистон, ки аз рангҳои  сурху сафеду сабз ва  тоҷу ҳафт  ситора иборат аст, дар радифи Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ яке  аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб  меравад ва ин  парчам 29 -  сол муқаддам дар ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистон  дар шаҳри бостонии Хуҷанд қабул шудааст.

ТОҶИКИСТОН, ҶОВИДОНА ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД!

АНДЕША. Рамзи истиқлолият, сулҳу ваҳдат, ягонагӣ, мояи ифтихори хурду бузурги сарзамини кӯҳанбунёди тоҷикон ин Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ - РАМЗИ ОЗОДИВУ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА САРҶАМЪИИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Баъд аз ба даст овардани истиқлолиятӣ давлатӣ ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, дорои рамзҳои давлатӣ, Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид, ки ҳар яки он хусусиятҳои хосси давлатдории моро ифода менамояд. Парчам яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, ифодакунандаи соҳибихтиёрӣ ҳар як кишвар мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg