БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

19 ноябр 2021

ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ЧАШМИ ДИЛИ МИЛЛАТРО БЕДОР НАМУД

АНДЕША.  Баъди ҳазорсолаҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин Сарвари миллат ҳастанд, ки дарсҳои нахустини худшиносии миллӣ ва ватандўстиву ватанпарастиро дар суханрониву китобҳои арзишманди худ. Аз ҷумла: “Аз ориён то Сомониён”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Дин ва ҷомеа”, “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” ба ҳамватанону оламиён пешниҳод кардаанд.

БО ВАКСИНА АЗ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС ЭМИН МЕМОНЕМ!

ҶАЙҲУН. Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 дар ноҳияи Ҷайҳун  гузаронидани ваксина алайҳи коронавирус бо шиддат идома дорад.

РАСМИКУНОНИИ МУҲОҶИРАТ - АСОСИ ҲУҚУҚИИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲУҚУҚИ МУҲОҶИРОН

ХУРОСОН.  Дар асоси нақша- чорабиниҳо дар бинои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон муовини раиси Кумитаи иҷроия Ғуломов Саидасрор  бо муҳоҷирон вохӯрӣ доир намуда,   ба онҳо масъалаҳои ба муҳоҷират дахл доштаро фаҳмониданд ва дар бораи  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -16 ноябр ва иди дар пеш омадаистода –Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон -24 ноябр суханронӣ намуда,  зарурияти қайд намуд

ПАРЧАМ - РАМЗИ МУҚАДДАСИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд.

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН МЕҲАНАМ!

         Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст,

         Қудрати озодагонро авҷи ҳиммат гаштааст.

ПЕШВОИ МО ИФТИХОРИ МО - ҶАВОНОН АСТ!

АНДЕША. Тоҷикистон баъд аз  пош хӯрдани Иттиӽоди Шӯравӣ соли  1991  дар як вазъияти бениӽоят мураккаб қарор дошт, ба ин нигоӽ  накарда 9 сенябри соли 1991 мо тавонистем соӽиби истиқлолият гардем, аммо Тоҷикистон дар вазъияти бениӽоят ногувор қарор дошт. Дар  дохили кишвар ҷангӽои шаӽрвандӣ сар зад  ва баъзе аз  ӽамватанони мо аз  манзили истиқоматии худ  маӽрум гашта, қисми дигари он  қурбони ҷанги шаӽрвандӣ гардиданд.

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ХОНАНДАГОН

МУЪМИНОБОД. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи кишвари соҳибистиқлол ҳамчун воқеаи бузурги сиёсӣ мақоми махсусро ишғол менамояд. Маҳз он давлати моро аз вартаи ҳалокат наҷот дода, пояҳои давлати тозабунёди тоҷиконро таҳким бахшид. Маҳз 16-уми ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлосия Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуда, роҳбарии давлат ба он кас дода шуд.

ПАЙВАСТА ДАР ОМӮЗИШ БОЯД БОШЕМ

АНДЕША. Илм ба монанди баҳру уқёнус канор надорад. Донишмандон тамоми умри хешро ба омӯзиши илм сарфа намуда ва дар охир мегӯянд, ки аз баҳри илм қатрае онро аз худ кардаанду халос. Пас илм чунин бе ҳадду канор бошад мо инсонҳо доимо ба омӯзиши таълиму тарбия ниёз дорем. Дар ин робита бояд ҷиддӣ бошему вақти қимати худро ҷиҳати омӯзиши илм сарфа кунем.

КОРРУПСИЯ - АМАЛИ НАНГИН

АНДЕША. Дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаву стратегияҳо вобаста ба муқовимат ба коррупсия омадааст, ки: “муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъолонаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии  он вобастагии  зич дорад”.

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

КӮШОНИЁН. Масъулини шуъбаҳои таблиғот ва кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади маълумот пайдо намудани шаҳрвандон оид ба Парчами давлатӣ, моҳият ва тарғибу ташвиқи васеи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, бо омӯзгорону хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимии 14 вохӯрӣ доир намуданд.

ПРЕЗИДЕНТИ МО - ИФТИХОРИ МО!

ҶАЙҲУН. Ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти болоии ҳизбӣ ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи “Маркази саломатӣ”- и ноҳия чорабинии фарҳангӣ зери унвони “Президенти мо – ифтихори мо” баргузор гардид.

ПРЕЗИДЕНТИ МАРДУМӢ

АНДЕША. Санаи 16 ноябр мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намудем. Дар байни омма вожаи «Президенти мардумӣ» васеъ паҳншуда мебошад, ки натиҷаи эътирофи мардум аст. Вобаста ба ин вожа метавон якчанд ҷанбаҳои муҳимеро қайд намуд, ки онҳо ифодакунандаи ҳам сифатҳои шахсӣ ва касбии Пешвои муазами миллат мебошанд:

ВОХӮРӢ БО АЪЗОИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” бо иштиоики муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Саймуминзода Фирӯз Саймумин бо аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.

ПРЕЗИДЕНТИ МО - ИФТИХОРИ МО!

ҚУБОДИЁН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан ” якҷоя бо валонтёрони назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳу

ТАТБИҚИ СИЁСАТИ МАОРИФПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САТҲИ МАҲАЛ

ЁВОН. Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Олии маорифпарваронаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ намояндагони ниҳоди ноҳиявии ҲХДТ аз рафти зимистонгузаронӣ ва ҷараёни таълиму тарбияи насли наврас аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 боздид намуданд.

СОЗАНДАГИРО АЗ ПРЕЗИДЕНТ ОМӮХТЕМ!

ЁВОН. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи сазовор аз 29-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои ноҳияи Ёвон чорабиниҳои зиёдӣ маърифатию сиёсӣ бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ  доир карда шуд.

ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №9 ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

ДАНҒАРА. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара бо иқдомҳои накӯкоронаи хонаводаи Давлатовҳо, ки аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд, бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 бо иштироки раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин ва муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло Файзулло, раиси Кумитаи иҷ

ИНШОИ БЕҲТАРИН БАХШИДА БА ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ

ДАНҒАРА. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат миёни хонандагони синфҳои болоӣ озмуни “Иншои беҳтарин” баргузор карда шуд.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ

ВОСЕЪ. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбии “Маркази саломатӣ”-и ноҳияи Восеъ баргузор гардид.

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ИН РАМЗИ ДАВЛАТДОРИСТ

АНДЕША. Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон парафшонӣ мекунад.

МО БО ПРЕЗИДЕНТИ ХУД БА РУШДИ КИШВАРАМОН БОВАРИИ КОМИЛ ДОРЕМ!

АНДЕША. Чун агар  таърихи давлатдории мамолики пешрафтаи ҷаҳонро саҳифа занем шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардореро вомехӯрем, ки онҳо дар мушкилтарин марҳалаҳои тақдирсози миллату давлат ба арсаи сиёсат омада, аз баҳри ҷони худ гузашта, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи халқу давлати худро муайян намуда, дар мавқеъ ва эътибор пайдо намудани давлаташон нақши пойбарҷо гузоштаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg