БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

09 ноябр 2021

НЕЪМАТЕ БЕҲТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ!

АНДЕША. Истиқлолияти комили давлатӣ ва соҳиб гардидан ба он бузургтарин арзиш, волотарин дастовард ва падидаи сиёсӣ дар давраи давлатдории навини халқи тоҷик мебошад.

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ГЕОСИЁСӢ

АНДЕША. Ҷаҳони муосир бо таҳдиду хатарҳои нав, ба монанди терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ рӯбарӯ гардидааст, ки оқибатҳои фалакатбори онҳоро мо дар баъзе кишварҳо  баръало мушоҳида мекунем.

ВАТАНПАРАСТӢ САРХАТИ ДАРСИ БА КАМОЛОТ РАСИДАНИ ҶАВОНОН МЕБОШАД

АНДЕША. Хеле зарур аст, ки насли имрӯзаи ҷавони давлати мо ба воқеияти даврони 30-солаи навини ба соҳибистиқлолӣ расидани Таҷикистон хубтару наздиктар ошно бошад. Онҳо сабабҳои аслии бурду бохтҳои давлати  ҷавони худро аз диди ақлу дил дарк кунанд.

КОНСТИТУТСИЯ - ҲУҶҶАТИ ВОЛОМАҚОМ

Н.ХУСРАВ.  Бо ташаббуси  Кумитаи  иҷроия  дар  ноҳия  вохӯрии  ҷавонони ташкилоти ибтидоии деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Фирӯза  бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  таҳти  унвони "Конститутсия санади таърихии миллат»   баргузор  гардид.

ТАТБИҚИ АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР МАҲАЛ

Н.ХУСРАВ. Бахшида  ба  сазовор истиқбол  намудани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тозагии маҳал вазифаи ҷонии мо сокинон аст!” корҳои ободонию  созандагӣ  дар  ҳудуди  ноҳияи Носири Хусрав  бо  маром   роҳандозӣ  шуда  истодаанд. 

ХУДРО АЗ ЗЕРИ СОЯИ ДАССИСАБОЗОНИ ҲНИ ДУР БИГИРЕД!

ВОКУНИШ.Чанде пештар дар шабакаҳои  иҷтимоӣ  собиқ  роҳбари  ҲНИ, ки худ дар хориҷи кишвар қарор  дорад, ба  кулли  ҳаммаслакон ва фиребхӯрдагони ваъдаҳояш доир ба вазъи нақшаҳои нави андешидани ҲНИ бо муроҷиат суханронӣ намуд.

КОНСТИТУТСИЯ - ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

ПАНҶ. Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон ва бо мақсади таҷлили сазовори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҷамоати шаҳраки Панҷ байни ҷавонони синни то даъватӣ, мусобиқаи футбол баргузор карда шуд.

КОНСТИТУТСИЯ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТАИ ШАҲРВАНДОН

АНДЕША. Воқеан ҳам Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ гардида, мардуми сарбаланду тамаддунофари кишвар, бо саодатмандию сарфарозӣ, ифтихор аз диёри маҳбуб ва бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаю одилонаи Пешвои муаззами миллат, фазои орому осоиштаи кишвар, ҳамасола 6-уми ноябр ин ҷашнро бо фараҳмандӣ истиқбол менамоянд.

“ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА”-РО МАҲКУМ МЕСОЗЕМ!

АНДЕША. Хушунат дар оила як амали зишт ва харобиовар ба ҳисоб рафта, вақте, ки мард ва ё зан аз сӯй ҳамсари худ  беэҳтиромӣ, саркашӣ ва ё ҳар амали номақбули дигареро мушоҳида мекунад, набояд дар аввалин  маротиба  бо  ӯ  бархӯрди шадид намуда, зиндагии хешро пароканда созад, балки  мард бояд ба таври ором ва бо камоли эҳтиром ба зан фаҳмонад, ки ин амали  ӯ дуруст нест ва барояш хушоянд намебошад.

КОНСТИТУСИЯ ҚОНУНИ АСОСИИ ҲАР ЯК ДАВЛАТИ МУСТАҚИЛ АСТ

АНДЕША. Имрӯзҳо тамоми мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои истиқлолияти комили кишвар аз 27 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд.

Бо қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар қадами устувор дар роҳи давлатсозиву миллатсозӣ гузошт.

ҲАДАФ: БЕҲТАР НАМУДАНИ ҲОЛАТИ МЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗӢ

ДӮСТӢ. Бо ташаббус ва дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии деҳаи "Шаҳдрез"-и ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл Суфиев Талбон ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ, ҳамзамон корманди масъули Кумитаи иҷроия Ҷалолов Абӯбакр дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” зиёда 1100 метр заҳкаши поёноби қитъаҳои заминҳои Президентӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ тариқи техникаи эск

КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ ТАҚДИРСОЗ АСТ

ДӮСТӢ. Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

ПЕШГИРИИ БЕМОРӢ БЕҲТАР АЗ ТАБОБАТИ ОН АСТ

ДӮСТӢ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, хусусан бемории Ковид-19 ва зуком дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи марказӣ" вохӯрӣ доир карда шуд.

КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

АНДЕША.  Конститутсия  санадест, ки шароити мушаххаси ҷомеаро дар мадди назар мегирад ва дар асоси он таҳия  мешавад ва наметавонад хориҷ аз  муҳити мавҷуда амал намояд.

КОНСТИТУТСИЯ - САРЧАШМАИ БАХТУ САОДАТ

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва таҷлили бошукӯҳи 27-умин солгарди ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Қасри Фарҳанги ноҳия конференсияи вилоятӣ таҳти унвони “Конститутсия-сарчашмаи бахту саодат” дар ҳамкорӣ бо МИҲД ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия баргузор гардид.

БЕҲТАРИНҲО ҚАДРШИНОСӢ ГАРДИДАНД

ВОСЕЪ. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯъи “Конститутсия-сарчашмаи бахту саодат” миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ баргузор карда шуд.

ДАР МУТТАҲИДДӢ МО НЕРУИ БУЗУРГЕМ

ВОКУНИШ. Мо мардуми Тоҷикистон бо талошҳои зиёди ҳазорсолаҳо соҳиби давлату сарзамин гардидем. Дар таърих маълуму машҳур аст, саргузашти мардуми мо. Тамоми ковишҳои бостоншиносӣ, китобу далелҳои таърихӣ шаҳодат аз он медиҳанд, ки мардуми тоҷик дар асрҳои IХ-Х  давлати бузурги худро дошт, бо номи Сомониён. Ин давлат бо тамоми сохторҳои давлатиаш аз давлатҳои замони муосир қариб, ки фарқияте ҳам надошт.

ДАР ВАҚТИ МУШКИЛӢ КИРО ДАР ПАҲЛУИ ХУД МЕБИНЕМ?

АНДЕША. Рӯзгори зиндагӣ ҳар лаҳзаву ҳар соат ба мо дарс медиҳад, аз тамоми пайёмадҳои ҳаёт огоҳ месозад. Ӯ ба мисли оинаи нилгун саҳанаҳоеро нишон медиҳад, ки мо аз диданаш ангушти ҳайрат мегазем. Ва албатта ҳамаи он тасвирҳо барои мо бояд ҳушёриву оқилӣ бахшад, чунки навбат рӯзе ба мо ҳам мерасад, ки   ҳолати ногувору сангин пеши роҳамонро мегирад.

ТАНҚИД МАЪНОИ ПУШТИБОНИРО НАДОРАД

ВОКУНИШ. Баъзан нафарон дар ҷамъомаде нишаста нафареро зери танқид қарор дода, мехоҳанд аз ин фурсат мартабаи худро баланд созанд, лек ҳастанд нафароне, ки ки будани танқидгарро медонанду оҳиста-оҳиста дар борааш маълумот медиҳанд. Душманони имрӯзаи миллату давлати мо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ корҳои сиёсӣ ва фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври худ гӯё танқиду таҳлил мекунанду худро барои  мардум пуштибон мешуморанд.

КОНСТИТУТСИЯ - ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раиси Кумитаи иҷроия Сулаймонова Лола ва раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмасаид иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg