БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

29 Октябр 2021

ДАР МАҶЛИСИ РАЁСАТ ҚАРОРҲОИ ДАХЛДОР ҚАБУЛ ГАРДИДАНД

Ш.ШОҲИН. Дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки аъзои Раёсат ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  аз рӯи масъалаои ҷамъбасти натиҷаҷои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2021 ва му

ЁРИИ АМАЛӢ БА ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

ҶАЙҲУН. Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Асроров Саидшо ва масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати молия” дар ноҳияи Ҷайҳун таршриф оварда, рафти ҳуҷҷатгузории ташкилоти ибтидоии номбурдаро аз назар гузарониданд.

ДАР МАҶЛИСИ РАЁСАТ ВАЗИФАҲО МУШАХХАС ШУДАНД

ҶАЙҲУН. Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.

АМАЛИ ХАЙР ДАР ОБОДИИ ВАТАН БОИСИ ИФТИХОР АСТ

Н.ХУСРАВ. Бо  ташаббуси  Кумитаи  иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири Хусрав  ва  дастгирии  сокинон амалҳои  созанда  ва   ободкориҳо  бахшида  ба   30-  солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  маром  идома  дорад. 

КОНСТИТУТСИЯ - САНАДИ ТАҚДИРСОЗ

Н.ХУСРАВ.  Бахшида   ба  таҷлили  Рӯзи  Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо ташаббуси  Кумитаи  иҷроия  дар  ноҳияи Носири Хусрав  вохӯрии  ҷавонони  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2  бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳия  таҳти  унвони "Муқаддасоти миллӣ- ҳастӣ ва ифтихори миллии мо мебошад»   баргузор  гардид.

КОРҲОИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД

ХУРОСОН.   Бахшида ба ҷашни 30 -солагии  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” дар ноҳияи Хуросон бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардида, дар ин рӯз як қатор корҳои ободониву созандагӣ ба анҷом расонида шуд.

ТАРҒИБОТ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ФАРХОР. Ҷиҳати тарғибу ташвиқи пешгирӣ аз бемории коронавирус, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва истифодабарии самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроия дар деҳаи Сайёраи ҷамоати деҳоти  Истиқлол   бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.

СОЛИМИИ ҶОМЕА ВОБАСТАГИИ БУЗУРГ БА ХУДИ ИНСОН ДОРАД

ФАРХОР. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ҳудуди маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Фархор корҳои фаҳмонидадиҳиро оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.

САДОҚАТ БА ВАТАН МАРОМИ МОСТ!

ФАРХОР. Мулоқоти навбатии мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Маъмурбӣ Раҳимова бо намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таълимии миёнаи умумии №16 доир гардид.

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ- НИГАРОНИИ ОЛАМИЁН

АНДЕША.Ба касе пӯшида нест, ки таҳдидҳои аз нав ноором сохтани вазъи ҷомеа дар зери таъсири ҳодисаҳои ҷаҳонишавӣ, яъне глобализатсия, дар тамоми ҷаҳон раванди хатарҳои муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст. Паҳн шудани терроризм ва ифротгароӣ, ки тайи солҳои охир ҷаҳонро ба такон оварда истодааст, боиси нигаронии оламиён гаштааст.

ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ҶАВОНМАРДИСТ

АНДЕША. Ватан қиматтарин туҳфаи тақдир барои ҳар инсон аст, зеро кас танҳо дар Ватани азизи хеш ба ҳама орзуву омоли наҷиби худ мерасад.

БОЗДИДИ ҲИЗБИЁН АЗ ҲУҶҶАТГУЗОРИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ПАНҶ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Саидшо Асроров дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ аз рафти ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Молия”, “Амонатбанк”, “Андоз” ва Кумитаи иҷроия дидан намуданд.

ЭҲТИРОМИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон доимо  дар қатори дигар масоили мубрам ба ду масъалаи ниҳоят муҳим – «Арҷи бештар гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи фарҳанги миллӣ, ки дар ташаккули андешаи миллӣ ва боло рафтани худогоҳиву худшиносии мардум, бахусус наврасону ҷавонон таъсири амиқ доранд», махсус таваҷҷуҳ зоҳ

МОДАР ГАНҶИ НОЁФТАНИСТ

АНДЕША. Модар, чӣ калимаи муққадас аст. Ҳар як инсон аз модар ба дунё меояд. Модар ҳар як фарзанди худро бо меҳри беандозаву муҳаббати бепоён ба воя мерасонад.

РУШДИ БОЗИИ ФУТБОЛ ДАР МАҲАЛ

АНДЕША. Баъди соҳибистиқлолии кишвар дар ҳудуди ноҳияи Восеъ дигаргуниҳои зиёде ба амал омад. Хусусан дар соҳаи варзиш аз ҷониби соҳибкорон шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда, аз соли 2018 то соли 2021 дар ҳудуди ноҳия майдончаҳои хурди бозии футбол сохта ба истифода дода шудааст. Бо дарназардошти талабот ҳатто дар баъзан деҳаҳо низ майдончаҳои футболи болопӯшида низ сохта ба истифода дода шуданд.

МАШҚИ ҶИСМОНИИ СУБҲ - КАФОЛАТИ СОЛИМИИ БАДАН

АНДЕША. Мо албатта ҳар субҳ аз хоб мехезему аввал дасту рӯйи худро мешӯем. Ин амал ба мо анъана  шудааст. Агар дар баробари шӯстани дасту рӯй каме ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шавем, ин амал метавонад бадани моро солим ва узвҳои моро дар ҳолати хуб нигоҳ дорад. Машқҳои ҷисмонии субҳ баъди хоби дароз ба тамоми мағзу устухони бадан таъсирӣ мусбат мерасонад.

ВАКСИНА - РОҲИ НАҶОТ АЗ КОВИД-19

Ҷ.БАЛХӢ.  Соли дуюм аст, ки бемории сироятии коронавируси КОВИД-19 на танҳо Ҷумҳурии мо, балки мамлакатҳои тамоми ҷаҳонро домангир аст. Роҳи пешгирӣ ва солим  мондан аз ин дардро табибон дар гирифтани ваксина медонанд.

ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ БА МАНФИАТИ МО ҶАВОНОН АСТ, АММО...

АНДЕША.  Ҳамаи мо хеле хуб медонем, ки ҷаҳонишавӣ ба ҳаёти шахсии одамон, аз ҷумла ташаккули арзишҳои оилавӣ таъсири бузург дорад. Мо айни замон дар давраи ҷаҳонишавии куллӣ зиндагӣ дорем, ки аз бисёр ҷиҳат дониш ва ҷаҳонбинии моро тағйир медиҳад, Ҷаҳонишавӣ ба тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мо, яъне соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, оила, амният ва ҳаёти иҷтимоӣ таъсир мерасонад.

ЗӮРИ МУШТ ДАР ВАҲДАТИ ПАНҶ АНГУШТ

АНДЕША. Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аксарияти мардум аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд. Аксарияти истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ ин ҷавонон маҳсуб меёбанд. Чи хеле, ки дар андешаҳои пештара навишта будам, ҳар яки моро зарур аст, ки аз шабакаҳо оқилона, дуруст ва мақсаднок истифода намоем.

ЗАНОН НИЗ ДАР БАРОБАРИ МАРДОН ФАЪОЛИЯТИ БОСАМАР ДОРАНД

АНДЕША.  Ҳамаи мо хуб медонем, ки  зан асоси саодатмандиву шукуфоӣ ва неруи пешбарандаи ҷомеа аст. Танҳо зани нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg