БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

28 Октябр 2021

КУМАК БА ШАХСОНИ НИЁЗМАНД – АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ

АНДЕША. Кумак намудан ба шахсони ниёзманду бесаробон ин яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор рафта, амали хайру нек ва дар назди Худованд кори савоб аст. Ҳар як инсони рӯи замин бояд нисбати барҷомондагон ва бепарасторон ғамхору меҳрубон ва кумакрасон бошад. Зеро қалби ин гуна инсонҳо хеле нозук ва ҳассос мебошад ва онҳо доимо ба лутфу меҳрубонӣ ва кумак ниёз доранд.

НАТИҶАҲО НАЗАРРАСАНД, МАСЪУЛИЯТ МЕБОЯД

ШАҲРИТУС. Дар Раёсати кишоварзии ноҳияи Шаҳритус  Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус бо иштироки  аъзои Раёсати Кумитаи иҷроия, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Зебо Бозорова ва як қатор раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва кормандони Кумитаи иҷроия баргузор гардид.

ИДОМАИ ВОХӮРИҲО БО ҶАВОНДУХТАРОН ДАР САМТИ “МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА”

ҶАЙҲУН. Бо иштироки гурӯҳи корӣ ҷиҳати идома бахшидани суҳбату вохӯриҳо бо ҷавондухтарону занони ноҳия оид ба  масъалаи “Мақоми зан дар ҷомеа” бо толибилмон ва омӯзгорони муассисаи таълимии №20-и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

НАТИҶАГИРӢ АЗ НУҲ МОҲИ ФАЪОЛИЯТ

ХУРОСОН. Дар Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳияи Хуросон маҷлиси Раёсати  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки аъзои Раёсат, Кумитаи иҷроия, комиссияҳои кор бо ҷавонону занон, намояндагии  ТҶҶ  “Созандагони  Ватан”, гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  баргузор гардид.

ХОИНОНИ МИЛЛАТ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

ВОКУНИШ. Ташкилоти террористӣ-эктремистии ҲНИ тариқи сомонаҳои интернетӣ аз кишварҳои аврупоӣ бо дурӯғу буҳтонҳои ғаразнок пайваста баромад намуда, ба оромиву осудагии ҷомеаи кишварамон халал ворид месозанд. Наҳзатиҳо аз солҳои нахустини истиқлолият борҳо бо муборизаҳои пинҳонию ошкоро кӯшишу талош меварзанд, ки дар кишварамон табаддулот ворид намуда, соҳиби давлату сохтори сиёсии динӣ гарданд.

ХИЗМАТИ ВАТАНРО БА ҶО ОВАРДАН ИН РАСИДАН БА ҚАДРИ МОДАР ВА СУЛҲУ ОСОИШТАГИСТ

АНДЕША. Ватан -Модар ду мафҳуме ҳастанд, ки барои ҳар як шахс азизу муқаддасанд. Модар моро ба дунёи ҳастӣ меорад, Ватан бошад, дар оғӯшаш тарбия намуда, ба воя мерасонад. Аз ин рӯ, ба қадри модару Ватан расидан ҳам фарз асту ҳам қарз.

ТЕРРОРИЗМ – ХАТАРНОКТАРИН ЗУҲУРОТ

ВОКУНИШ. Яке аз масъалаи муҳим ва хатарнок, ки имрўзҳо моро ба ташвиш овардааст, “терроризм” мебошад ва ин зуҳурот ҳаракати басо номатлубе баҳри амалӣ намудани мақсадҳои террористию ифротгароӣ ба ҳисоб меравад. Дар саросари олам терроризм ва ифротгароӣ ба як мушкилоти асосии ҷомеа табдил ёфтааст.

ХИЗМАТ ДАР САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ КИШВАР ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИСТ

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор  бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ватандӯстии ҷавонон ва ҷалб намудани онҳо ба хизмат дар сафи Артиши миллии кишвар аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ба Ватан - содиқем”-ро бо усули “хона ба хона” роҳандозӣ намуданд.

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД

ФАРХОР. Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи иҷроия ва вазифаҳо барои давраи оянда баргузор гардид.

Дар  маҷлис мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнова Сайёра иштирок дошт.

ТАШНАРО ЯК ҚАТРА ОБ АЗ ГАНҶИ ДУНЁ БЕҲТАР АСТ

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия Маҳмадсафарзода Мирзораҳим дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии  «Зафар» ва «Марзбон»-и  ҷамоати шаҳраки Панҷ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» вохӯрӣ гузаронида шуда, бо ҷалби сокинони маҳаллаи номбурда ва дастгирии  аъзои ташкил

ҲХДТ НЕРУИ СОЗАНДА БАҲРИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА МЕБОШАД

ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроия Маҳмадсафарзода Мирзораҳим дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  «Сафедорон»-и  ҷамоати деҳоти Озодагон дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем”» вохӯрӣ гузаронида шуда, бо ҷалби сокинони маҳаллаи номбурда ва дастгир

МАҚОМИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН

АНДЕША. Бо таассуф аз он, ки имрӯз дар кишвари ҳамсояи мо –Афғонистон занон зери зулми қавми ноогоҳу куҳнаандешу бадандеше бо номи Толибон қарор доранд, иброз медорам, ки ягон дину ягон мазҳаб поймолкунии ҳуқуқи занонро ривоят надодааст.

ЗАРУРАТИ ҲАРРӮЗАИ МАШҚҲОИ ҶИСМОНӢ ДАР ШАРОИТИ ҲОЗИРА

АНДЕША. Дар замони Шӯравӣ мардум бештар ба корҳои ҷисмонӣ машғул буданду вақти худро дар саҳро ва корхонаву сехҳо мегузарониданд. Дар он замон нафари бекорро пайдо кардан мушкил буд. Саргармии кор ва меҳнати софдилонаи мардум ба рушди ҷомеа ва фаровонии маҳсулот замина гузошта буд.

ВОЛИДОН ПУШТИБОНИ ФАРЗАНДОН ВА САРМОЯГУЗОРИ НАҶИБАНД

АНДЕША. Оилаи устувор ҳамон оилае пазируфта мешавад, ки дар он шахси калонсол тамоми шикасту рехти ин оиларо бар душ дошта, дар ҳама маврид аз мушкилотҳои мавҷуда баромада метавонад. Оилаҳое, ки роҳбар надоранд ва дар он ҳар кас ба кадом самте хоҳад мустақилона кореро анҷом медиҳад, ин гуна оилаҳо аз лиҳози иқтисодӣ начандон рушдёфта мебошанд.

МАШВАРАТ БО ШАҲРВАНДОНЕ, КИ БА МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ МЕРАВАНД

ҶАЙҲУН. Баҳри баргузор намудани машварати ҳуқуқию иҷтимоии шаҳрвандон зимни муҳоҷирати меҳнатӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сайфулоев Р.

ОН КИРО САХОВАТ АСТ БА ШУҶОАТ ЧӢ ҲОҶАТ...

АНДЕША. Дасти бечораеро гирифтан, ба ӯ кӯмак кардан, аз хислатҳое мебошад, ки неку писандида ва яке аз беҳтарин фазилатҳои инсонӣ.

КОНСТИТУТСИЯ-КАФОЛАТИ БАРОБАРҲУҚУҚИИ ҲАР ЯКИ МОСТ

АНДЕША. Замоне, ки 30 сол пеш Ҷумҳурии азизамон истиқлолияти худро ба даст овард, Констутсияе, ки соли 1978 қабул шуда буд, пас аз ҳукумати шӯравӣ ба талаботи ҷомеа созгор набуд. Яъне, Тоҷикистон акнун соҳибистиқлол гашта буд ва кӯшиш менамуд, ки як давлати демократию ҳуқуқбунёд бунёд намояд.

ФАЪОЛЗАНОН ДАР ТОЗАГИИ МАҲАЛ САҲМ МЕГУЗОРАНД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зарафшон”-и Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо фарогирии аъзои фаъоли ҲХДТ аз ҳисоби занону бонувон зери шиори “Саҳми занон дар тозагию ободии маҳал” ҳашари дастаҷамъӣ баргузор гардид.

БА ИН МАРДИ ХУДО, ЭЙ ҲАМВАТАН, ШУКРОНА БОЯД КАРД!...

ВОКУНИШ. Халқи тоҷик дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ азобу машаққати зиёд кашид ва ранҷу азоби сахтро паси сар намуд ва маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кафили озодиву нишоти мардум гашта, ба халқи тоҷик зиндагии осуда, озодӣ ва сулҳи абадиро ҳадя намудаанд.

НАТИҶАГИРӢ АЗ НУҲ МОҲИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

КӮЛОБ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сафобахш” маҷлиси ҷамбастии фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид.

ВАЗИФАҲО МУШАХАССАНД, ВАЛЕ МАСЪУЛИЯТ МЕБОЯД

ҚУБОДИЁН. Дар толори  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён Маҷлиси Раёсати ҷамъбастии фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён доир гардид.

ҲАЙВОНОН ПАҲНКУНАНДАИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

АНДЕША. Дар ҳама давру замон паҳнкунандагони бемориҳои сироятӣ ин ҳайвонҳои ваҳшиву хонагӣ ҳастанд, ки тавассути пӯсту гўшту шир ва порўйи онҳо ба одамон интиқол меёбанд. Надонистани қоидаҳои гигиенӣ ва санитарӣ, надоштани маълумоти кофӣ дар бораи бемориҳои тавассути ҳайвоноту парандагон гузаранда сабаби сар задании бемориҳои сироятӣ мегардад.

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

ХУРОСОН. Бо иштироки муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии "Нури Хуросон”  баргузор гардид.

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НУҲМОҲА ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ ОЯНДА

ВОСЕЪ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки муовини раиси ноҳия Гулмуродзода Бибинисо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ Сафар Ҳафиза Разоқ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода, аъзои Раёсат ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбӣ баргузор гардид.

НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ ДАР ДАВРАИ СИПАРИГАРДИДА ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ВОСЕЪ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ маҷлиси ҷамъбасти семоҳаи сеюми фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии "Боғчаи №1" баргузор гардид.

САЛОМАТӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

ВОСЕЪ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи бемориҳои зуҳравӣ ва пӯст"-и ноҳияи Восеъ маҷлиси умумӣ баргузор гардида, дар он фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳаи сеюми соли 2021 баррасӣ ва муҳокима гардид.

МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД...

Ҷ.БАЛХӢ.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зарафшон”вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо аъзои ҳизб баргузор гардид.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg