БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

15 Октябр 2021

ҶАВОНОНИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР

ВОКУНИШ. Зодагони даврони соҳибистиқлолии Ватан хушбахттарин инсонҳо ба шумор мераванд. Воқеан баъди ҳазорсоли таърихи пурпечутобу пурфоҷиаи  миллати тоҷик дар қатори мардуми соҳибиқболу накубахти мамлакат,  ҷавонон низ аз ин неъмати бебаҳо бархӯрдоранд. Ин табақаи фаъол  ҳамқадами Тоҷикистони соҳибистиқлол  дар фазои софу беолоиш, тинҷу ором  рушд ёфта, ба камол расидаанд. Барои ҷавонон ҳамаи имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИИ НУҲМОҲА ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Н.ХУСРАВ.  Дар  ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбии  ноҳияи  Носири  Хусрав  маҷлисҳои ҳисоботӣ  оид ба  фаъолияти нуҳмоҳа   баргузор  гардида  истодаанд. 

Ин  навбат дар  ташкилоти  ибтидоии “Маорифчиён”     баргузор  гардид.

БАРОИ ҲИМОЯИ МАНФИАТҲОИ ХАЛҚИ ТОҶИК ВА ДАВЛАТИ ТОҶИКОН ОМОДА БОШЕМ!

ВОКУНИШ. Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус, ҷавонону наврасон яке аз ҳадафҳои имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.

ФАРҲАНГ ОИНАИ ТАЪРИХ АСТ

ФАРХОР. Дирӯз  маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳанг” баргузор гардида, дар он ду масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

ДАР МАҶЛИС ВАЗИФАҲОИ МИНБАЪДА МУАЙЯН ГАРДИД

ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шарафи”-и деҳаи Қалъаи Пучқоқи Ҷамоати деҳоти Дарқад бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ Исмон маҷлиси ҳисоботӣ доир гардид.

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ

ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхонаи марказӣ” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алиҷон маҷлиси ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳа баргузор гардид.

МАҶЛИСҲОИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ФАРХОР. Бо иштироки намояндаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар Боғчаи №1 маҷлиси ҷамъбастӣ  оид ба фаъолияти нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии "Боғчаи №1" баргузор гардид.

ТИРИ АДУ БА ҲАДАФ НАХОҲАД РАСИД…

ВОКУНИШ. Сафари кори Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо бори дигар гувоҳи он аст, ки имрӯз аксарияти давлатҳои мутараққии дунё роҳи пешгирифтаи сиёсати дохилию хориҷии Роҳбари маҳбуби мамлакатамонро эътироф мекунанд ва барои ҳалли масъалаҳои мубрами олам бо эшон паси миз гуфтушунид барпо менамоянд.

ҲАР ФАРДИ БО НАНГУ ОРИ ВАТАН АМАЛҲОИ НАНГИНИ ДУШМАНОНИ ВАТАНРО БОЯД МАҲКУМ НАМОЯД

ВОКУНИШ. Душманони  миллату  давлати  тоҷик, гурӯҳхои  террористӣ-экстремистӣ, аз  ҷумла ТТЭ ҲНИ, Паймони  миллӣ, Гурӯҳи -24 ва  ҳамаи  дигар  гурӯҳҳое , ки  мухолифини  давлату  Ҳукумат ҳастанд,  бояд  дониста  бошанд, ки  ин  Ватан ин  миллат  барои  худ  фарзандоне дорад, ки  баҳри  ободиаш, сулҳу  амониаш  ва  ҳифзу  ягонагиаш ҷони  хешро  нисор  мекунанд.

ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН, КИ КОМИ ДИЛ БА БОР ОРАД...

ВОКУНИШ. Дар ҳақиқат бузургони мо на танҳо мардум ва ҳамдиёрони худ, балки тамоми аҳолии башарро ба мутаҳиддӣ ва сарҷамъӣ даъват намуданд. Асарҳои онҳоро дар тамоми давлатҳои дунё ба забонҳои гуногун мутолиа мекунанд ва як ҷаҳон маънӣ ба худ мегиранд. Дар васфи дипломатия робитаҳои хуби инсониву давлатӣ мисраҳои шоирро меорам:

ИН ҶАҲОНРО НИГАР БО ЧАШМИ ХИРАД

ВОКУНИШ. Ба баромад ва навиштаҳои ғаразноки блогерону студиядорони сомонаҳои иҷтимоӣ. Ҷаҳони муосир бо технологияи ҷадиди худ як қатор мушкилотҳоро пеши роҳи мо овардааст. Пайдо шудани шабакаҳои иҷтимоӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернетӣ таъсиргузор ба мафкураи инсонҳо мебошад. Дар асрҳои миёна танҳо бо лашкар, силоҳ инсоният байни ҳам меҷангиданд. Мақсадашон як буд гирифтани дороии якдигар.

БАРОИ ЗИНДАГИИ БЕҲТАР ЗАҲМАТ КАШИДАН ЛОЗИМ

АНДЕША. Бештари нафарони доро ҳаёти вазнинро аз сар гузаронидаанд. Онҳо як замоне ба душвортарин корҳо машғул шудаву барои рӯзгузаронии худ шабонарӯзи меҳнат кардаанд. Дар шароити имрӯза бошад баъзан нафарон каме кор мекунанд, маблағи хости дилашонро ба даст намеоранд бо як изҳори норозигӣ маблағ нест, шароит вазнин гуфта дар хона менишинанд.

АМАЛИ ХАЙР ПОДОШИ ЗИЁД ДОРАД

АНДЕША. Мо мутасаддиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бештар бо нафарони саховатпеша, соҳибкор, имкониятдошта тамос гирифта, руйхати нафарони эҳтиёҷманд, ятим, нодорро ба онҳо ҷиҳати расонидани кӯмаку дастгирӣ пешниҳод менамоем. Дар мардуми мо як расмиётест, ки агар сарватманди ба касе хайр кунад, дигар нафарон рафта шикоят мекунанд, ки чаро ба ӯ кумак кардӣ ӯ  ин хелу он хел аст, гуфта камбудиҳояшро пеши марди саховатпеша мисол меоранд.

АККОСИ САГОН БА СӮИ МОҲТОБ

ВОКУНИШ. Фурсат фаро расид. Фурсати деринтизору интизориҳо. Фурсате, ки барояш сухане ва мавзуеро  пайдо месозад. Фурсате, ки барои аз даст доданаш сукут нашояд. Фурсати сухан, ибо, ишора ва билохира хиёнат.

Фурсатталаб шахсест, ки барои иҷрои амале ва ё коре замон мепояду интизорӣ мекашад.

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БЕҲТАРИН ОРЗУИ АМАЛИШУДА

«Тамоми мардуми кишвар, махсусан ҷавонон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ваҳдати миллӣ дар баробари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан, ояндаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллатамон бе восита ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад».

ОБОДИИ КИШВАР АЗ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ МО ВОБАСТА АСТ!

ПАНҶ. Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Фарҳанг”  бо ҷалби аъзои ҳизб, фаъолон ва кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсоз” дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизби

ТАЛВОСАИ ҶОНКАНИИ ДАРАНДАИ ЗАХМДОР

ВОКУНИШ. Эй роҳгумзадаҳои лаънаткардаҳои оқипадар! Бо митингҳои панҷ – шашнафараи худ муқобили иродаи қариб 10 миллион тоҷики тоҷикистонӣ мебароед? Охир, маҳбусони сиёсии шумо дар асоси қонун ба ҳабс гирифта шудаанд ва барои кирдори худ бояд ҷавоб бигӯянд. Шумо он кӯрдилоне ҳастед, ки ягон тараққию пешравии Тоҷикистонро дида наметавонед, ё шояд мебинед, ҳис мекунед, вале аз бухлу кина эътироф наменамоед.

ТАЪСИРИ ВАЗЪИ СИЁСИИ АФҒОНИСТОН БА КИШВАРҲОИ ҲАМСАРҲАД

ВОКУНИШ. Бо ишғол кардани пойтахти  Ҷумҳурии исломии Афғонистон-Кобул ва дигар минтақаҳои ин кишвар аз ҷониби гурӯҳи террористии Толибон барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавор вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва тақдири шаҳрвандон, ки дар баробари ин гурӯҳ бо дигар созмонҳои террористӣ меҷанганд, хеле муҳим ва нигаронкунанда мегардад.

АФҒОНИСТОН - МАРЗИ ИБТИДОИ ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

ВОКУНИШ. Чун ба таърихи даргириҳои мамлакати Афғонистон назар мекунем, мебинем, ки шурӯъ аз охирҳои асри гузашта нооромиҳои дохилӣ боис шуд, ки Артиши Россия барои ором намудани вазъи Афғонистон ба он ворид гардида, чанд муддат дар ин кишвар низомиёни кишвари Россия барои фурӯ нишондани муқобилияти баъзе гурӯҳҳо ва ташкили рукнҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ, ташкили сохтори нави  ҳокимияти давлатӣ, сохтмони пулу роҳҳо, мактабу беморхонаҳо

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МОЛИЯЧИЁН”

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Молия» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант маҷлис доир гардид, ки дар рафти он ҳисоботи нуҳмоҳаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ шунида шуд.

ВОХӮРИ БО ҶАВОНОНИ ОЯНДАСОЗ

КӮШОНИЁН. Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён муовини раиси ноҳия Шукруллозода Дилафрӯз ва раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия  Шомалангова Миҷгона дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 39 бо  ҷавондухтарон вохӯрӣ баргузор намуданд.

АВВАЛИН ҲАРФИ ЗАБОНАМ МОДАР АСТ...

АНДЕША. Модар ҳадяи Парвардигор барои мо инсонҳо мебошад. Модар қиматтарин неъмати рўи дунё, сарчашмаи муҳабатти беканор,чашмаи мусаффо, ҳимматбиаландтарин шахси башарият аст. Заҳмати шабонарўзӣ, бедорхобӣ, ҳамаи ранҷу машаққатҳои ӯро бо ягон ганҷи дунё наметавон  ҷуброн кард. Фариштае ҳаст, ки аз меҳру муҳаббати бепоёну беандозааш кас ба ҳайрат меояд.

БОЗДИДИ ҲИЗБИЁН АЗ РАФТИ ТАЪЛИМ ДАР МАКТАБҲО

ЁВОН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо шуъбаи кор бо занон ва  оилаи МИҲД ноҳия аз рафти таълим дар Муссисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53-и деҳаи 1-Майи  Ҷамоати деҳоти Норин дидан намуданд.

СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО СОКИНОН

ЁВОН. Аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо шуъбаи кор бо занон ва  оилаи МИҲД ноҳия дар деҳаи Бошқайнари Ҷамоати деҳоти Норин бо сокинони деҳаи мазкур вобаста ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

ВОХӮРИҲО ВОБАСТА БА ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

ЁВОН. Аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо шуъбаи кор бо занон ва  оилаи МИҲД ноҳия дар деҳаи 1- Майи Ҷамоати деҳоти Норин бо сокинони деҳаи мазкур вобаста ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

НАТИҶАГИРӢ АЗ НУҲ МОҲИ ФАЪОЛИЯТ

ДАНҒАРА. Бо иштироки  мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара   Раҳмонзода  Аваз  бо аъзои фаъоли  ташкилоти ибтидоии ҶСК “Ориёнбонк” маҷлиси умумӣ баргузор гардид.

ҶАРАЁНИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ДАНҒАРА. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Филиали №59, БДА “Амонатбонк”  - и ноҳии Данғара бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Раҳмонзода Аваз,  маҷлиси умумии ташкилоти ибтидоӣ гузаронида шуд. 

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТИИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

ДАНҒАРА.  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботии ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Нозироти Андоз”  маҷлиси ҳисоботии ташкилоти номбурдаро баргузор намуд. 

ФАЪОЛОНИ ҲХДТ БА МАРДУМ РОҲИ ҲАМВОР МЕСОЗАНД

ВОСЕЪ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо ҷалб намудани шахсони саховатпеша корҳои ободонӣ ва созандагиро баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон доимо вусъат мебахшад.

БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД...

ВОКУНИШ. Маҳз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо имкони зиндагии ором ва осударо дар ин ҷаҳони ноором, ки дар гӯшаҳои гуногунаш мардум ба ҳоли табоҳе гирифторанд, додааст. Бо ин ҳама тамоми тоҷикони асили ҷаҳон мефахранд.

ЧАШМИ НОТАВОНБИНОН КӮР БОД!

ВОКУНИШ. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст. Ин ҳамкориҳо асосан самтҳои тандурустӣ, маориф ва рушди деҳотро дар бар мегирад.

РОҲСОЗӢ АМАЛИ НАКӮСТ

Ҷ. БАЛХӢ.  Бо ташаббуси  узви фаъоли ҳизб, раиси маҳаллаи Қизилоктябри Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  Абдуллоев Сайфулло  дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!”  1 километр роҳи ҳудуди маҳалла аз ҳисоби аҳолии маҳаллаи мазкур сангфарш гардида истодааст, ки ин амал ба рафту омади сокинон дар фасли зимистон кумак хоҳад расонд.

МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД...

Ҷ.БАЛХӢ.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо баргузор гардид.  

ШӮЪЛАИ ОФТОБ ДОМАНГИР АСТ

ВОКУНИШ. Шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ барои ҳангомаҷӯён воситаест, ки аз дур истода туҳмату гуфтаҳои худро ташвиқ намоянд. Онҳо бо истифода аз ҳаммаслакони худ суханҳо бофта ҳарчиро ки мехоҳанд мегӯянду дигаронро танқид мекунанд. Дар асл гирем хиштеро болои хиште нагузошта, алаферо сабз накарда,  туҳмату буҳтон месозанду мехоҳанд, тарафдоре пайдо кунанд. Онҳо аз чи норозӣ ва чаро аз ҳар як масъалаи кӯчак ҳодиса месозанд.

ТАЛБАҲОИ АБЛАҲОНАИ ГУРӮҲҲОИ ГУМРОҲРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!!!

ВОКУНИШ. Ҳар сафаре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои гуногуни дунё анҷом медиҳанд, бешак ҳикмате  барои фардои боз ҳам дурахшонтари Тоҷикистон дар пай дорад.

АМАЛҲОИ НОПОКИ ТЕРРОРИСТОНУ ЭКСТРЕМИСТОНРО МАҲКУМ МЕКУНЕМ

ВОКУНИШ. Роҳбарону  аъзои  ТТЭ  ҲНИ, Гурӯҳи -24  ҳамарӯза  дар    пайи  онанд, ки  мардуми  кишвар,  бахусус ҷавонону  наврасонро  бо  ҳар  гуна  найрангу  ҳилла  гумроҳ  намуда,  онҳро ба  майдон  бароварда  қурбони  бозиҳои  ҳароми  худ  созанд. Ин  ҳаромкориҳои  худро  то  имрӯз  давом  дода,  бо  ҳар  гуна  ҳиллаю  найранги  нав  бозиҳои ҳароми  хешро  идома  додан  мехоҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg