БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Activities calendar

08 Октябр 2021

ЗАБОН - ҲАСТИИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Ҳамасола 5-уми октябр Рӯзи забони давлатӣ, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон» муқаррар шудааст, ҷашн гирифта мешавад. Қонуни мазкур аз 28 модда иборат буда, истифодаи забони давлатиро ба танзим медарорад.

ТАҶЛИЛИ САЗОВОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ш.ШОҲИН. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  бо иштироки узви   Кумитаи иҷроия  вилоятӣ ва  ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин, кормандони касбу кори гуногун ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”  дар як сатҳи зарурӣ таҷлил гардид.

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОӢ

ШАҲРИТУС. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов бо иштироки  муовини якуми раиси ноҳия Усмонов Абдуқаҳор, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Тағоев Марат ва кормандони ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинов маҷлиси ҳизбӣ доир карданд.

АЪЗОИ ҲХДТ БУДАН ИФТИХОР АСТ

ҶАЙҲУН. Дирӯз мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот дар якҷоягӣ бо мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баҳри шиносоӣ ва аз наздик ҳамсуҳбат шудан бо омӯзгоре, ки дар боғчаи бачагонаи “Фирӯза” воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ нав ба кор қабул шудаанд ва аъзои ҲХДТ гаштаанд суҳбат намуда, эшонро дар назди ҳозирин бо билети ҳизбӣ таъмин карданд.

НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ

АНДЕША. Вақте, ки дар оила фазои боварибахш, рӯҳияи болида ва муносибатҳои пайвандон бо ғамхорӣ ва меҳрубонии якдигар якҷояанд ин нишонаи истиқлолият аст. Истиқлолият ҳамчун неъмати бузурги халқу миллатҳои озодихоҳ ҳамеша соҳибихтиёриро дар ҳудуди муайян бо доштани ҳувияти хос таҷассум месозад. Халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақил гардида, мақому манзалати хос касб намуд.

ЗАБОН ВА ТАФАККУРИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАНД

ҲАМАДОНӢ. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии дар  филармонияи мардумии ба номи устод Одина Ҳошимов ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ВАЗИФАДОР ГАРДИДАНД

ҲАМАДОНӢ. Вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Саидмуминзода Аббос бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоати шаҳраки Москва ва фаъолон баргузор гардид.

ТАЪРИХЕ БЕҲТАР АЗ ТАЪРИХ НЕСТ

АНДЕША. Мегӯянд, ки таърихе ҷаззобтар аз худи таърих вуҷуд надорад.  таърихро шахсиятҳои барҷаста меофаранд, ки бо андеша, сухан ва аъмоли худ ба зиндагии як халқ ва ё кишвари том таъсири бузург мегузоранд. Онҳо бо зиндагии шоистаи худ ба дигар инсонҳои рӯи замин намунаи ибрат нишон медиҳанд. Аз онҳо чизҳои зиёдеро метавон омӯхт, ба онҳо метавон баробар шуд.

ВАТАНАМОНРО БО ҲАМ МЕСОЗЕМ!

ҚУБОДИЁН. Бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи

 “Ишмурод Ниёзов” ва дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён корҳои рангуборкунӣ оғоз гардид.

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ – АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

ЁВОН. Аз ҷониби Кумитаи иҷроия  ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17- ноҳия дар муассисаи мазкур конференсияи илмӣ-амалӣ зери унвони “Забон ҳастии миллат” ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир карда шуд.

ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ОМӮЗГОРОН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

ЁВОН. Барои саҳми бориз гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, таҳкими Истиқлолитяи давлатӣ,  арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ва муқаддасотӣ миллӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон омӯзгорони фанни забон ва адабиёти МТМУ №17 бо сипосномаҳои ниҳоди ноҳиявии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.

ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ВОЛИДАЙНИ ХОНАНДАГОН

ЁВОН. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ноҳияи Ёвон  бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, Абдуллозода Саёҳат, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Насимов Сафармуҳаммад ва сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳия Гурезов Сафаралӣ баргузор карда шуд.

МЕҲНАТ, ДАРОМАД ВА ХОҶАГИДОРӢ ДАР ОИЛА

АНДЕША.  Ҳар як фард, ҳатто ҳар  махлуқи ҷондор бо меҳнату машаққат ба арсаи ҳаёт меояд ва нафаси  аввалинро бо меҳнат оғоз мекунад.

ЗАБОН ПОЯИ МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ АСТ

АНДЕША.  Таърих собит намудааст, ки  забони тоҷикии форсӣ бештар аз ҳазор сол яке аз бузургтарин забонҳои илмию байналмилалӣ ба шумор мерафт. Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ дар корҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ мақому мартабаи олӣ дорад. Ҳамчунин, забони давлатӣ омили муҳими иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

ЗАБОН РУКНИ АСОСИИ ДАВЛАТДОРИСТ

БАЛҶУВОН. Дар ташкилоти ибтидоии “Балҷувон-1” ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор гардид.

ҲИМОЯИ МАРЗУ БУМ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ ҶАВОНОН АСТ

БАЛҶУВОН. Дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Балҷувон маросими ботантана гусел намудани наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

ДАСТГИРИИ МАЪЮБОН АЗ ХИСЛАТҲОИ НЕКИ ИНСОНИСТ

Ҷ.БАЛХӢ. Бо ташаббуси Ҷамоати деҳоти Каленини  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар партави аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Маъюбону ятимон пайваста зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд!” 6 нафар маъюбон аёдат карда шуда,  ба онҳо маводҳои хӯрока, аз қабили меваҷоту сабзавот кумак расонида  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg